Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздикони Шаҳбоз: "Милисаҳо аз мо хостанд, ки даъво накунем"


Шаҳбоз Аҳмадов.

Муҳаммад Толибзода ва Сайёд Қодиров – ду маъмури милисаи Ёвон – дар шиканҷаи Шаҳбоз Аҳмадов муттаҳам шуданд. Аҳмадови 26-сола иддао дорад, ки маъмурони милиса моҳи июли имсол ӯро чаҳор рӯз азият карданд, то ҳамла бо корд ба як сокини ноҳияро бар дӯш бигирад. Ӯ баъди ёфт шудани муттаҳами аслӣ дар ин ҷиноят аз бозошт озод шудааст.

Онҳо дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Шаҳбоз Аҳмадовро ҳамчун гумонбар дар ҷиноят бозпурсӣ карданд ва касе ба сӯяш даст набардоштааст.

Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон мегӯяд, Додситонии ноҳияи Ёвон алайҳи ду корманди милиса парвандаи ҷиноӣ боз карда, ба таҳқиқи ҳодиса идома медиҳад.

"Кормандони милиса ба он муттаҳам мешаванд, ки Шаҳбоз Аҳмадовро боздошт карда, зери зарбу лат ва шиканҷа қарор доданд, то ба ҷинояти содирнакардааш иқрор шавад", - гуфтанд рӯзи 4-уми октябр дар Эътилофи зидди шиканҷа.

Амалкарди Муҳаммад Толибзода ва Сайёд Қодиров – ду лейтенанти калони ШКД-и ноҳияи Ёвон бар асоси моддаи 143, замимаи 1, қисми ду – “шиканҷаи гуруҳӣ” – таҳқиқ мешавад. Барои ин ҷурм қонуни ҷиноӣ аз панҷ то ҳашт соли зиндонро пешбинӣ кардааст.

Як мақом дар Додситонии ноҳияи Ёвон рӯзи 4-уми октябр бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ, оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи ду корманди милисаро тасдиқ кард. Аммо ӯ бо далели "сирри тафтишот", нахост дар ин бора ҷузъиёт диҳад.

Қазияи Шаҳбоз Аҳмадов баъд аз сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ ва дастури Додситонии кулли Тоҷикистон дубора мавриди санҷиш қарор гирифт. Шаҳбоз Аҳмадов ҳафтаи гузашта дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 16-уми июли имсол кормандони милисаи ноҳияи Ёвон ӯро боздошт карда, шиканҷа намуданд. Ба қавли Аҳмадов, ӯ танҳо дар зери шиканҷа маҷбур шуд, ба хотири халоси ҷонаш гуноҳи нокардаро ба дӯш гирад.

Ба нақли Аҳмадов, кормандони пулис аз ӯ талаб кардаанд, ҳамла ба як сокини ин ноҳияро дар назди Қасри фарҳанг, ки бо корд захмӣ шуда буд, бар дӯш бигирад. Шаҳбоз Аҳмадов танҳо пас аз чаҳор рӯз ва баъди ба даст афтодани муттаҳами аслӣ, озод шуд.

Дар ҳамин ҳол наздикони Шаҳбоз Аҳмадов мегӯянд, аз раванди тафтишот розӣ нестанд ва метарсанд, ки дар ниҳоят кормандони милиса беҷазо мемонанд. Неъматулло Аҳмадов, бародари Шаҳбоз Аҳмадов дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тақозои онҳо ин аст, ки кормандони милиса на танҳо барои шиканҷа, балки барои дигар амалкардҳояшон низ ҷазо гиранд.

Аз ҷумла Неъматулло Аҳмадов мегӯяд, ду корманди милиса бояд барои вайрон намудани дахлнопазирии манзил ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ низ ҷавоб гӯянд. "Вақте як шахси бесавод як гуноҳ мекунад, дар як дам ӯро боздошт карда ба ҳабс мегиранд. Аммо коргарони мақомот, ки қонунро медонанд дидаю дониста онро вайрон мекунанд ва боз дуюним моҳ боз дар озодӣ мегарданд. Дигар ба ин гуна тафтишот чихел бовар мекунӣ?"-суол гузошт Неъматулло Аҳмадов.

Неъматулло Аҳмадов гуфт, Муҳаммад Толибзода ва Сайёд Қодиров, кормандони милиса, ки дар шиканҷаи бародараш муттаҳам мешаванд, аз онҳо тақозо карданд, ки даъво накунанд. Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, ду корманди милиса чандин маротиба ба воситаи худ ва наздиконашон омада, хостаанд то аз гуноҳашон гузаранд.

"ВКД: Агар шиканҷа карда бошанд, бигзор ҷазо гиранд"

Назари Муҳаммад Толибзода ва Сайёд Қодиров дар ин бора феълан ба мо дастрас нест ва дақиқ нест, ки то куҷо онҳо хостори аз даъво гузаштани оилаи Аҳмадовҳо шудаанд. Талошҳои мо барои пайдо кардани онҳо рӯзи 4 октябр бенатиҷа буд.

Аммо ин ду корманди милиса дар суҳбати қаблии худ иттиҳомҳоро беасос дониста буданд. Онҳо рӯзи 28-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, Шаҳбоз Аҳмадовро танҳо ҳамчун гумонбар дар ҷиноят бозпурсӣ карданд ва касе ба сӯяш даст набардошт.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ.
Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ.

Зимнан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба санҷиши амалкарди ходимони пулиси Ёвон шуруъ кардааст. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, агар кормандони милисаи Ёвон воқеан ба чунин амал даст зада бошанд, пас бигзор ҷазои худро бинанд.

Сухангӯи ВКД гуфт, дар дарсҳои хизматӣ ба ходимони пулис таъкид мешавад, ки ба шиканҷа роҳ надиҳанд ва барои боз кардани ҷиноят аз роҳҳои қонунӣ истифода баранд. Умарҷони Эмомалӣ афзуд, барои аз байн бурдани шиканҷа, дар бархе идораҳои пулис таъкиди вазири корҳои дохилӣ ҳам нашр шудааст, ки дар он гуфта мешавад "бигзор ҷиноят ноошкор монад, аммо шиканҷаро истифода набаред."

"Сардорон низ ҷазо гиранд"

Шиканҷа дар Тоҷикистон аз мушкилиҳои аслӣ дар кори мақомоти интизомӣ гуфта мешавад. Бархеҳо ҳам мегӯянд, "зери шиканҷа ва барқ баъзан куштори Ленинро ҳам бар гардан мегирӣ."

Аммо шикоятҳо аз рӯи қазияҳои шиканҷа умдатан натиҷа намедиҳад ва ба истиснои як ду маврид корманди ниҳодҳои интизомӣ беҷазо мемонанд. Ҳомиёни ҳуқуқ талаб доранд, ки барои истифодаи шиканҷа на танҳо пулиси муҷрим, балки роҳбари идорааш низ ҷазо гирад. Дар он сурат ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ назорат барои шиканҷа накардани шаҳрвандон метавонад пурзӯр шавад.

Тибқи як таҳлили Эътилофи зидди шиканҷа дар шаш соли ахир 200 нафар аз амалкардҳои мақомоти интизомӣ, аз ҷумла шиканҷаву бадрафторӣ ба ҳомиёни ҳуқуқ шикоят кардаанд.

Ахиран Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид аз он нигаронӣ карда, дар хулосаи худ гуфт, ки Додситонии кулли Тоҷикистон солҳои охир дар мавриди шиканҷа 89 шикоят дастрас кард, аммо фақат чаҳор корманди сохторҳои ҳифзи қонун ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.

Гузориши видеоӣ аз бойгонии Озодӣ:

“Гуфтанд, ки гуноҳро ба гардан нагирӣ, таҷовузат мекунем”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:03 0:00

Шарҳҳоро бинед (10)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG