Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоскулоҳи бузург" дар Токио бо пирӯзии мизбонон ба поён расид


Акс аз вебсайти ijf.org
Акс аз вебсайти ijf.org

Мусобиқоти байналмилалии ҷудо аз силсилаи ҷаҳонии IJF (Федератсияи байналмилалии ҷудо) “Тоскулоҳи бузург” (Tokyo Grand Slam 2017), ки дар пойтахти Ҷопон - шаҳри Токио – ду рӯз идома кард, 3-юми декабр бо пирӯзии мизбонон хотима ёфт.

Мунтахаби Ҷопон бо касби 32 медал (12 медали тилло, 7 медали нуқра ва 13 медали биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти натиҷаҳои нишондодаи мардону занон мақоми аввалро соҳиб шуд.

Мунтахаби Муғулистон бо касби 4 медал (1 медали тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ) дар мақоми дувум ва мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 6 медал (1 медали тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар мақоми севум қарор гирифтанд.

Боз намояндагони даҳ кишвари дигар бо медалҳо сарфароз шуданд: Ҳолланд (2 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ), Ҷумҳурии Чех (1 медали нуқра), Канада (1 медали нуқра), Фаронса (2 медали биринҷӣ), Бразилия (2 медали биринҷӣ), Гурҷистон, Маҷористон, Белгия, Словения ва Пуэрто-Рико) – яктоӣ медали биринҷӣ.

Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) рӯзи якшанбеи 3-юми декабр хабар додааст, мусобиқоти байналмилалии “Тоскулоҳи бузург” дар Токио бо ширкати 412 варзишгар (238 марду 174 зан) аз 60 кишвари панҷ қитъаи олам баргузор шуд.

Ёдовар мешавем, Тоҷикистонро дар ин мусобиқот се варзишгар намояндагӣ кард, вале ҳарсе паҳлавони тоҷик ба нокомӣ дучор шуданд.

Акмал Муродов, ки дар вазни зери 81 кило аз рақобатҳо дар даври аввал озод буд, дар даври дувум аз Дагвасурен Нямсурен, гуштигири маъруф аз Муғулистон, шикаст хӯрд.

Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 кило дар даври аввал бар Ли Кочман аз Исроил пирӯз шуд, вале дар даври баъдӣ аз намояндаи Ҷопон Юсуке Кобаяши мағлуб гашт.

Саидҷалол Саидов, ки дар даври аввали рақобатҳо дар вазни зери 100 кило озод буд, дар даври дувум қувваозмоиро ба Тома Никифоров аз Белгия бохт.

Ба ин тартиб, бо мусобиқоти байналмилалии “Тоскулоҳи бузург” дар Токио мавсими имсола барои зӯртарин паҳлавонони ҷаҳон ба поён расид.

ҒОЛИБОНУ ҶОИЗАДОРОНИ “ТОСКУЛОҲИ БУЗУРГ” ДАР ТОКИО:

Мардон

60 кг

1. ТАКАТО Наоиса (Ҷопон)

2. ДАШДАВАА Амартувшин (Муғулистон)

3. НАГАЯМА Рюҷи (Ҷопон)

3. ШИШИМЕ Тору (Ҷопон)

66 кг

1. АБЕ Ҳифуми (Ҷопон)

2. МАРАЯМА Йоширо (Ҷопон)

3. ИСОДА Нориҳито (Ҷопон)

3. АН Баул (Кореяи Ҷанубӣ)

73 кг

1. ТАТСУКАВА Арата (Ҷопон)

2. МАРГЕЛИДОН Артур (Канада)

3. АХН Йоонсунг (Кореяи Ҷанубӣ)

3. ҲАШИМОТО Соичи (Ҷопон)

81 кг

1. ОТГОНБААТАР Уганбаатар (Муғулистон)

2. ЛИ Сунгҳо (Кореяи Ҷанубӣ)

3. ДЕ ВИТ Франк (Ҳолланд)

3. НЯМСУРЕН Дагвасурен (Муғулистон)

90 кг

1. НАГАСАВА Кента (Ҷопон)

2. КОБАЯШИ Юсуке (Ҷопон)

3. МАРГИАНИ Ушанги (Гурҷистон)

3. МУКАИ Шоичиро (Ҷопон)

-100 кг

1. ЧО Гуҳам (Кореяи Ҷанубӣ)

2. КОРРЕЛ Мишел (Ҳоланд)

3. КИРҶЕНИКС Миклос (Маҷористон)

3. НИКИФОРОВ Тома (Белгия)

+100 кг

1. ОГАВА Юсей (Ҷопон)

2. КРПАЛЕК Лукас (Ҷумҳурии Чех)

3. КАГЕУРА Кокоро (Ҷопон)

3. МОУРА Давид (Бразилия)

Занон

48 кг

1. КОНДО Ами (Ҷопон)

2. МУНҲБАТ Урантсесег (Муғулистон)

3. ҶЕОНГ Бокиеонг (Кореяи Ҷанубӣ)

3. ТОНАКИ Фуна (Ҷопон)

52 кг

1. АБЕ Ута (Ҷопон)

2. ТАТСУКАВА Рина (Ҷопон)

3. БУЧАРД Амандин (Фаронса)

3. ШИШИМЕ Аи (Ҷопон)

57 кг

1. ЙОШИДА Тсукаса (Ҷопон)

2. ЯМАМОТО Анзу (Ҷопон)

3. ТАМАОКИ Момо (Ҷопон)

3. УДАКА Нае (Ҷопон)

63 кг

1. ТАШИРО Мику (Ҷопон)

2. НАБЕКУРА Нами (Ҷопон)

3. ТРСТЕНЯК Тина (Словения)

3. ТСУГАНЕ Мегуми (Ҷопон)

70 кг

1. ОНО Йоко (Ҷопон)

2. АРАИ Чизуру (Ҷопон)

3. ПЕРЕЗ Мария (Перу)

3. ТАНАКА Шио (Ҷопон)

78 кг

1. ҲАМАДА Шори (Ҷопон)

2. СТИНХУИС Гуусҷе (Ҳолланд)

3. САТО Риука (Ҷопон)

3. ТЧЕУМЕО Андрей (Фаронса)

+78 кг

1. АСАҲИНА Сара (Ҷопон)

2. СОНЕ Акира (Ҷопон)

3. АЛТЕМАН Мария Суелен (Бразилия)

3. КИМ Минҷеонг (Кореяи Ҷанубӣ)

XS
SM
MD
LG