Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз бозии дастаҳои ҷавонони Эрон ва Тоҷикистон


Имрӯз, 8-ми октябр, дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) дар нахустин бозиаш дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё бо тими ҷавонони Эрон рақобат мекунад.

Мусобиқоти интихобии қитъавӣ миёни ҷавонони синнашон то 19-сола дар гурӯҳи «D» аз 8-ум то 12-уми октябр дар шаҳри Кирмони Эрон баргузор мешавад. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба ғайр аз тими мизбон бо дастаҳои Арабистони Саудӣ (10-уми октябр) ва Лубнон (12-уми октябр)бозӣ хоҳад кард. Бозиҳои ин гурӯҳ дар варзишгоҳи «Шаҳид Баҳонар» барпо мегарданд.

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё ба ҳайати даста 23 футболбозро шомил кардааст:
дарвозабонҳо: Муродулло Саидов («Энергетик»), Эмомалӣ Сониев («Истиқлол»), Дилшод Дадобоев («Пахтакор», Ҷаббор Расулов);
ҳимоятгарон: Самандари Хайриддин, Зокир Иброҳимов (ҳарду – «Истиқлол»), Фирдавс Чақалов, Анварҷон Ҳамроқулов (ҳарду – ССКА «Помир»), Далер Бердиқулов («Регар-ТадАЗ»), Алишер Холмуродов («Энергетик»);
нимҳимоятгарон: Амирбек Ҷӯрабоев (ДЮСШ ПФК ССКА, Маскав), Парвиз Ҳамидов, Мӯҳсинҷон Парпиев (ҳарду – «Хайр»), Вайсиддин Сафаров («Истиқлол»), Шорҳрух Раҷабматов («Парвоз»), Комрон Турсунов, Дилшод Саломов, Дилшод Расулов (ҳарсе – РТСУ), Ойбек Абдуғаффоров, Мармар Зокиров (ҳарду – «Энергетик»),
ҳамлагарон: Меҳроҷиддин Музаффаров («Хайр»), Суннатулло Холов («Вахш»), Ромиш Ҷалилов, Сиёвуш Мӯҳсинов (ҳарду – «Истиқлол»).

Мусобиқоти қахрамонии Осиё миёни ҷавонон (U-19)
Сабқати интихобӣ. Гурӯҳи "D"


Даври 1-ум
8-уми октябр (сешанбе)
Оғози бозӣ - соати 19.00
Эрон - Тоҷикистон.

Даври 2-юм
10-уми октябр (панҷшанбе)
Оғози бозӣ - соати 14.30
Тоҷикистон – Арабистони Саудӣ.

Даври 3-юм
12-уми октябр (шанбе)
Оғози бозӣ – соати 14.30
Лубнон - Тоҷикистон.
XS
SM
MD
LG