Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давраи дувуми омодагии Тоҷикистон(U-21) ба Ҷоми Иттиҳод-2014


Лаҳзаи аз тамрини тими Тоҷикистон
Лаҳзаи аз тамрини тими Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) рӯзи 6-уми январ ба марҳилаи дувуми омодагиҳо ба Ҷоми Иттиҳод-2014 шурӯъ кард.

Сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки дар Душанбе, дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ то рӯзи 19-уми январ идома хоҳад кард, ду бозии санҷиширо ба нақша гирифтааст.

Рӯзҳои 12-ум ва 18-уми январ мунтахаби ҷавонон бо мунтахаби бошгоҳҳои Тоҷикистон ва дастаи «Равшан»-и Кӯлоб рақобат мекунад.

Бозиҳои Ҷоми Иттиҳод-2014 аз 24-уми январ то 2-юми феврал дар дар маҷмааи варзишию фарҳангии «Петербургский”-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия барпо мегарданд. Мувофиқи низомномаи мусобиқот соли таваллуди бозигарон 1993 ва аз он хурд мебошад.

Ба дархости ниҳоии дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар Ҷоми Иттиҳод-2014 ҳамагӣ 20 футболбоз дохил мешавад.

Мусобиқот барои Ҷоми Иттиҳод-2014 рӯзи 24-уми январ бо бозии футболбозони ҷавони Эстония ва Тоҷикистон оғоз меёбад. Бозии дувуми мунтахаби Тоҷикистон 25-уми январ бо тими Қирғизистон ва бозии охиринаш дар сабқати гурӯҳӣ 27-уми январ бо дастаи Украина баргузор мешавад.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-21):

Дарвозабонҳо: Муъминҷон Гадойбоев («Хуҷанд»), Эмомалӣ Сониев («Истиқлол»), Баҳодур Шамсов («Равшан»);

Ҳимоятгарон: Алишер Шарифов, Саидҷон Исмоилов, Фирдавс Тусматов (ҳарсе аз «Регар-ТадАЗ»), Сайидхони Амрохон («Равшан»), Фаррух Фузайлов («Парвоз»), Бахтиёр Азимов («Энергетик»), Фахриддин Сафарзода («Нури Норак»), Фирдавс Ҳоҷиев, Дилшод Каримов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Музаффар Назаров, Сайидамири Сайидаҳмад, Хуршед Бекназаров (ҳарсе аз «Вахш»);

Нимҳимоятгарон: Шавкати Ҳотам, Абдулло Саидов, Ойбек Абдуғаффоров (ҳарсе аз «Энергетик»), Амирбек Ҷӯрабоев (ССКА, Маскав), Ҷаҳонгир Эргашев («Истиқлол»), Абдурасул Раҳмонов, Шодмон Тағойзода (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Фаридун Шарифов (ССКА «Помир»), Иброҳим Мӯҳтоҷзода («Саройкамар»);

Ҳамлагарон: Наврӯз Рустамов («Равшан»), Фирӯз Раҳматов («Регар-ТадАЗ»), Ромиш Ҷалилов («Истиқлол»), Комрон Турсунов (РТСУ).
XS
SM
MD
LG