Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар Ҷоми раиси ҷумҳури Қазоқистон ширкат мекунад


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар Ҷоми раиси ҷумҳури Қазоқистон-2014 ширкат мекунад. Эрон ва Чин аз ширкат дар ин мусобиқа даст кашиданд.

Мусобиқаи 7-уми байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми раисиҷумҳури Қазоқистон аз 25-ум то 29-уми июн дар шаҳри Остона баргузор мешавад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ду даста – Эрон ва Чин аз ширкат дар ин мусобиқаи байналмилалӣ даст кашиданд. Бинобар ин теъдоди дастаҳо ду адад кам шуд. Ба ин тартиб, 8 даста дар ду гурӯҳ мубориза мебарад. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои Гурҷистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дохиланд. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои Испания ва Озарбойҷон рақобат мекунад.

Ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо раҳбарии Салоҳиддин Ғафуров дар шаҳри Норак имрӯз, 22-юми июн, ба охир расид. Ба ин ҷамъомад 24 бозигар, аз он ҷумла 2 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар даъват шуда буданд. Ба дархости ниҳоии даста аз ин ҳайат танҳо 18 нафар шомил мешаванд.

Футболбозони навраси тоҷик нахустин бозиашонро 24-уми июн бо тими Озарбойҷон анҷом медиҳанд. Баъдан 25-уми июн бо мунтахаби Испания бозӣ мекунанд.

Маблағи ҷавоизи мусобиқа 20 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб 10 ҳазор доллар мегирад. Барои ҷойи дувум 6 ҳазор ва барои ҷойи севум 4 ҳазор доллари ИМА муқаррар шудааст.

Ҳайати васеи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16):

Дарвозабонҳо: Беҳрӯз Хайриев («Нури Норак»), Шаҳром Исмоилов («Вахш»).
Ҳимоятгарон: Сироҷиддин Гулмуродов, Бахтиёр Ҳақназаров (ҳарду – «Нури Норак»), Алишер Сафаров, Табрези Давлатмир (ҳарду – «Истиқлол»), Абубакр Азимов («Равшан»), Алишер Баротов («Вахш»), Зоир Ҷӯрабоев (ССКА «Помир»), Фирӯз Ризомов («Вахш»).
Нимҳимоятгарон: Кароматулло Саидов, Худойдод Узоқов (ҳарду – «Вахш»), Ҳокимҷон Ҳасанов («Энергетик»), Муҳаммадҷони Ҳасан («Равшан»), Шаҳбози Шарифӣ (РШВСМ), Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»), Шараф Раҳимов, Илҳомҷон Бердиалиев (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»), Сӯҳроб Муъминов («Энергетик»).
Ҳамлагарон: Собирҷон Гулаков, Рустам Толибов, Муҳаммадҷони Ҳасан (ҳама – РШВСМ), Нуриддин Ҳамроқулов («Вахш»), Шарафҷони Раҷабзод («Хайр»).
Сармураббӣ: Салоҳиддин Ғафуров.

Тақвими бозиҳои Ҷоми раисиҷумҳури Қазоқистон -2014

Даври 1-ум
25 июн (чоршанбе)

11.00 - Озарбойҷон - Тоҷикистон
18.00 – Қазоқистон - Қирғизистон

Даври 2-юм
26 июн (панҷшанбе)

15.00 – Гурҷистон - Қазоқистон
18.00Тоҷикистон – Испания

Даври 3-юм
27 июн (ҷумъа)

15.00 – Испания – Озарбойҷон
18.00 – Қирғизистон – Гурҷистон

29 июн (якшанбе)
11.00 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум
13.00 – Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум
18.00 – Финал

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо - ба вақти Душанбе.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG