Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се тарҳ барои бунёди роҳ миёни Тоҷикистон ва Покистон


Покистон ва Тоҷикистон рӯзи ҷумъа усулан дар мавриди чанд тарҳи бунёди роҳҳои иртиботӣ миёни ду кишвар, ба мувофиқат расиданд.

Тибқи иттилои расонаҳои расмии Покистон, дар мулоқоти рӯзи ҷумъаи нахуствазири он кишвар Навоз Шариф бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар минтақаи сайёҳии Мари дар 60 километрии шимол-шарқи шаҳри Исломобод баргузор шуд, Тоҷикистон ва Покистон ба таври усулӣ дар мавриди чанд тарҳи бунёди роҳҳои иртиботӣ миёни ду кишвар ба созиш расиданд.

Тарҳи аввал бунёди роҳ аз бандари Гводар то шаҳри Пешовар ва ҳамин тариқ ба шаҳрҳои Кобул ва Кундуз дар Афғонистон то шаҳри Душанберо пешбинӣ мекунад. Бар пояи тарҳи дувум, роҳи иртиботии мошингард миёни ду кишвар аз Хунҷраб ба Каласу ва то Мурғоби Тоҷикистон хоҳад буд.Тибқи тарҳи савум, Покистон мехоҳад аз тариқи роҳи Читрол-Ишкошим-Душанбе ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна пайваст шавад.

Ба навиштаи расонаҳои покистонӣ, Эмомалӣ Раҳмон аз майли кишвараш дар иҷрои ин тарҳҳо хабар дода ва гуфтааст, ки амалишавии ин тарҳҳо, ба рушди иқтисоди ду кишвар ва ҳамин тавр минтақаи Осиёи Миёна мусоидат хоҳад кард. Эмомалӣ Раҳмон аз вуҷуди имконоти фарох дар амри густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон ҳарф зада ва дар ин замина афзоиши роҳҳои иртибототии чӣ заминӣ ва чӣ ҳавоӣ байни ду кишварро муҳим номидааст.

Ӯ гуфтааст, ки Душанбеву Исломобод ба зарурати имзои ҳарчӣ зудтари созишномаи сеҷонибаи транзитӣ байни Тоҷикистону Покистон ва Афғонистон таъкид кардаанд. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ин қарордод ба рушди тиҷорат байни ин се кишвар ва ба сурати умум ба тиҷорати минтақавӣ таккони бештар хоҳад бахшид.

Саъди Юсуфӣ, коршиноси тоҷик мегӯяд, ки бо дарназардошти осебпазир будани амният дар Афғонистон, руйи чанд тарҳ сӯҳбат ва мувофиқат шудааст, ки дар ҳолати вахим шудани авзои амниятӣ дар як масир, аз масирҳои иловагӣ истифода шавад.

Ба гуфтаи ин коршиноси тоҷик, "бидуни шакку тардид беҳтарин, осонтарин ва иқтисодитарин масир ин Гводар-Пешовар-Кобул-Қундуз- Душанбе аст, аммо барои устувории равобити тиҷоратӣ ва бо дарназардошти вазъияти Афғонистон, масирҳои иловагӣ ҳам заруру ногузиранд."

Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон бо Покистон иртиботӣ ҳавоӣ надорад ва доду гирифти молу коло миёни ду кишвар танҳо тариқи шоҳроҳи Пешовар-Кобул-Кундуз-Панҷи Поён сурат мегирад.

Аммо вазъият тайи моҳҳои ахир дар шимоли Афғонистон чандон ором нест ва дар пайи суқути шаҳри Кундуз дар авохири моҳи сенябри соли ҷорӣ ба дасти Толибон, марзи Тоҷикистон бо Афғонистон чанд рӯз баста монд ва интиқоли молу колои тоҷирон аз Покистон ба Тоҷикистон ба мушкил рӯбарӯ шуд.

XS
SM
MD
LG