Анастасия Тюрина севумин варзишгарест аз Тоҷикистон, ки ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон дар Буэнос-Айреси Аргентина мушарраф шуд.
Федератсияи байналмилалии шиноварӣ (FINA) номзадии Анастасия Тюринаи 16-соларо барои ширкат дар Бозиҳои олимпии наврасон-2018 тасдиқ кардааст. Ӯ дар Олимпиадаи наврасон дар намуди шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод ва 50 метр бо усули баттерфляй (butterfly) ё шабпарак иштирок хоҳад кард.
Зимнан, Анастасия Тюрина Тоҷикистонро дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия ва Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёии соли 2018 дар Индонезия дар шиноварӣ намояндагӣ кардааст. Ба ин тартиб, ӯ севумин варзишгари Тоҷикистон аст, ки соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи наврасон-2018 гардидааст.
Аз ӯ пеш Бежан Файзуллоев дар риштаи тирандозӣ ва Сулаймони Ҷамшед дар намуди ҷудо ба Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон дар Буэнос-Айреси Аргентина роҳхат гирифтаанд. Бежан Файзуллоев дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасон, ки соли гузашта дар Вакои Ҷопон доир шуд, дар тирандозӣ аз таппончаи пневматикӣ ба масофаи 10 метр аз 600 имтиёзи имконпазир 548 имтиёз ба даст овард. Ин натиҷа ба Бежан имкон дод, ки меъёри муқарраршударо ҷиҳати дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи наврасон иҷро намояд.
Сулаймони Ҷамшед дар намуди ҷудо дар вазни зери 66 килограмм соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи наврасон гардид. Ӯ, ки дар Қазоқистон таҳти раҳбарии мураббӣ Ҳамзаалӣ Раҳматов тамрин мекунад, дар мусобиқоти байналмилалӣ Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд. Вай имсол дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон дар Тошканд, Иссиқкӯл ва Макао бо медалҳои тилло мукофотонида шудааст. Сулаймон барандаи медали нуқраи мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон дар Бейрути Лубнон мебошад.
Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон аз 6-ум то 18-уми октябри имсол дар шаҳри Буэнос-Айреси Аргентина аз рӯи 38 намуди варзиш баргузор мешавад. Дар рақобатҳо ширкати наздики 4000 варзишгари наврас аз 206 кишвари ҷаҳон дар назар аст.
Ба барномаи Бозиҳои III нисбат ба Олимпиадаи соли 2014 дар Нанҷинги Чин намудҳои нави варзиш: акробатика, шухпаймоӣ, каратэ ва брейк-данс дохил шудааст. Ба ҷуз ин, бокси занона, навъҳои нав дар қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ илова шудаанд. Футбол ва ҳандболи классикиро футзал ва ҳандболи соҳилӣ иваз менамоянд.
Бояд гуфт, ки варзишгарони тоҷик дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон, ки соли 2010 дар Сингапур доир шуда буд, ду медал ба даст оварданд. Баҳодур Қодиров дар риштаи гуштии озод дар вазни зери 63 кило бо медали нуқра ва Шукрона Шарифова дар намуди таэквон-до WTF дар сабқати духтарон дар вазни зери 44 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гаштаанд.
Вале варзишгарони тоҷик аз Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон, ки соли 2014 дар Нанҷинги Чин баргузор шуд, бе медал баргаштанд.