Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зебосанами айёми Шӯравии Тоҷикистон даргузашт


Аксе, ки Лола Исмоиловаро машҳур кард.
Аксе, ки Лола Исмоиловаро машҳур кард.

Дар Душанбе, пас аз бемории кӯтоҳ, доктори илмҳои биологӣ, профессор Лола Исмоилова, ки аввалин маликаи ҳусни тоҷик ба шумор мерафт, дар синни 83-солагӣ аз ҷаҳон гузашт.

Лола Исмоилова сар аз нимаҳои садаи бистум, пас аз нашр шудани акси ӯ дар шумораи 50-уми маҷаллаи “Огонёк” дар моҳи декабри соли 1949 ба яке аз машҳуртарин тоҷикони Иттиҳоди Шӯравӣ табдил ёфт ва аз тоҷикон дар паҳнои ин кишвар ба ҳайси яке аз зеботарин қавмҳо намояндагӣ кард. Вай ба дунболи нашри сураташ дар муқоваи пурхонандатарин маҷаллаи мардуми шӯравӣ амалан “маликаи зебоӣ”-и СССР унвон шуд.

Пайкараи Лола Исмоилова дар Гурзуф
Пайкараи Лола Исмоилова дар Гурзуф
Пас аз чаҳор моҳи нашри маҷалла, 16-уми апрели соли 1950 дар шаҳри Гурзуфи Қрим ҳайкали Лола Исмоилова ҳамчун тимсоли зебоии зан гузошта шуд. Ин пайкараро Петр Миргородский офарид, ки дар номааш ба Лола навишта буд: ”Ман дар ҷустуҷӯи симои зани кӯҳистон будам. Ин олиҳаи кӯҳсор ба малика Тамара, ки Лермонтов тасвир кардааст, монанд набуд. На Лермонтов ва на Пушкин зебоии қаҳрамонҳои афсона ва асотири худро тасвир накардаанд, зеро касеро надоштанд, ки аз рӯйи ӯ ин симоро офаранд. Зебоӣ танҳо як хаёли норӯшан буд. Ман ҳам то соли 1949 дар ҳамин ҳолат будам. Ҳоло ки ҳусни маликаи ях Солвейгро дар шеъри худ тасвир мекунам, чизе аз худ набофтаам, балки симои ӯро аз рӯйи акси духтари воқеии кӯҳистонӣ, бо чеҳраи олӣ ва пурғуруру пурмаънӣ, бо чашмони доно ва андешаманд ба қалам додам. Пас, чаро ман аз ӯ барои он ки вуҷуд дорад, сипосгузор набошам.”

Худи Лола Исмоилова дар мусоҳиба бо "Азия-Плюс" ба ёд овардааст, ки дар охири солҳои 1940 вай донишҷӯи риштаи биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд ва дар моҳи октябри соли 1949, ҳангоме ки журналистони зиёд аз Маскав ба муносибати ҷашни 25-солагии таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Душанбе омада буданд, розӣ шуд, то як суратгири маскавӣ ӯро дар сарулибоси миллӣ аккоcӣ кунад. Лола шояд ин воқеаро фаромӯш мекард, агар баъд аз чанде ба хонааш халта-халта мактуб нaмеомад ва одамон дар кӯча ӯро намешинохтанд.

Акси ӯ дар муқоваи машҳуртарин маҷалла нашр шуда, садҳо ҳазор нафарро дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ ва берун аз он мафтун карда буд. Онҳо дар номаҳои худ ба ӯ изҳори ишқ мекарданд, шеъру достон мебахшиданд ва орзу доштанд, ки рӯзе ба дидораш расанд. Бисёриҳо менавиштанд, ки бо дидани чеҳраи Лола ба Тоҷикистон ва тоҷикон дил бастаанд. Оҳангсози машҳур Алберт Гординский дар номааш ҳадс задааст, ки ба шуниди ӯ, Лола зеботарин духтари Тоҷикистон нест, балки аз ӯ зеботарҳо низ ҳастанд ва бояд ба ин кишвар сафар кунад, то зебоии зиндаро бо чашмони худ бубинад. Нависанда ва аккос Петр Пилшиков менависад, ба хотири Лола бо адабиёти бузурге ошно шудаву Хайём ва Фирдавсиро шинохтааст ва агар Лола ба шаҳри ӯ, яъне Ленинград биёяд, номи шаҳрро ба Лолаград табдил хоҳад кард. Ба гуфтаи наздикони Лола Исмоилова гоҳе чунин номаҳо то солҳои наздик низ меомаданд. Аз онҳое, ки солҳо пеш ошиқи сурат шуда буданд. Зимнан муаллифи акс Олег Кнерринг барои сурати Лола Исмоилова ҷоизаи Беҳтарин суратгири соли 1949-ро гирифта буд.

Чанд сол баъди чунин шӯҳратёр шудан, Лола Исмоилова бо устоди Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе (он замон ба номи Т.Г. Шевченко) номзади илмҳои ҷуғрофӣ Қандил Ҷӯраев (писари ромишгари мумтоз Акашариф Ҷӯраев) издивоҷ кард. Аз ин издивоҷ Гавҳар ва Зевар Ҷӯраеваҳо ба дунё омаданд, яке ҳамчун филмноманавис ва ходими ҷамъиятӣ ва ҳамсари коргардон Давлат Худоназаров маъруф буда, дувумӣ солҳои зиёд диктори радио буд.

Лола Исмоилова солҳои охир бознишаста ва хонашин буд. 5-уми сентябри соли 2011 вай барандаи яке аз озмунҳои зебоӣ дар Тоҷикистонро тоҷгузорӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG