Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як узви Ҳизб-ут-Таҳрир бори дуюм ба зиндон рафт. Ин бор барои 15,5 сол


Таҷаммӯъи "таҳририҳо" дар Симферополи Украина. Соли 2013
Таҷаммӯъи "таҳририҳо" дар Симферополи Украина. Соли 2013

Дар шаҳри Хуҷанд як соҳибкори маҳаллиро бори дувум бо ҷурми узвият дар Ҳизб-ут-Таҳрир равонаи зиндон кардаанд ва ин бор барои 15,5 сол.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ахиран Бурҳон Қурбоновро бо гумони ҳамкорӣ бо созмони дар Тоҷикистон манъшудаи Ҳизб-ут-Таҳрир тибқи 3 банди 187, 189 ва 307-умиКодекси ҷиноии Тоҷикистон ба 15,5 соли зиндон маҳкум кард. Хабаргузории “Авесто” – ношири ин хабар - мегӯяд, Бурҳон Қурбонови 33-сола бори дувум бо айни иттиҳом ҳукми зиндон мегирад. Манбаъи ин хабаргузорӣ дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд гуфтааст, ки Қурбонов дар соли 2000 низ бо ҷурми ҳамкорӣ бо ҳизби Таҳрир маҳкум бюа зиндон шуда, дар соли 2008 ба озодӣ баромад.

Вале маълум шудааст, ки ӯ аз ақидааш нагашта, талоши ҳамкорӣ бо аъзо ва ҳаводорони ин ҳаракати мамнӯъро идома додааст. Манбаъи “Авесто” гуфтааст, Бурҳон Қурбонов, ки дар бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд ба тиҷорат машғул буд, аз “устод”-аш дарсҳои “пулакӣ” мегирифт ва китобу шабномаҳо ва брошюраҳоеро, ки ақидаҳои Ҳизб-ут-Таҳрирро таблиғ мекунанд, ҷамъ меовард. Дарсҳои “пулакӣ”, ба бовари мақомоти амниятӣ, дар асл як роҳи супурдани ҳаққи узвият ба ин гурӯҳи манъшудаи мазҳабист.

Фаъолияти ҳизби Таҳрир ҳамчун гурӯҳи тундрави мазҳабӣ аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 2001 манъ шуда, дар ин кишвар, бино ба ҳисобҳо, беш аз 500 нафар бо ҷурми ҳамкорӣ бо ин созмон маҳкум ба зиндон шудаанд.
Бурҳон Қурбонов зимнан нахустин нафаре нест, ки бо ҷурми узвият ё ҳамкорӣ бо ҳизби Таҳрир такроран равонаи зиндон мешавад.

Дар тирамоҳи соли гузашта додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Азамат Ваҳҳобов ном як узви созмони тундгарои Ҳизб-ут-Таҳрирро барои тарғиби афкори ин ҳизб дар дохили зиндон ба 23 соли дигар маҳкум кард. Ин алакай ҳукми сеюми Азамат Ваҳҳобов бо айни иттиҳом буд. Ӯро, ки ба гуфтаи додгоҳ, ҳанӯз дар соли 2001 ба узвияти Ҳизб-ут-Таҳрир пайвастааст, бори аввал соли 2002 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар асоси моддаи 189-уми Кодекси ҷиноӣ, яъне барангехтани кинаю адоват ё низоъи миллӣ ва даъват ба сарнагун кардани ҳукумати қонунӣ ба 5 соли зиндон маҳкум кардаанд, вале ӯ баъди адои ҳукм аз роҳаш барнагашта ва дигарбора идеяҳои Ҳизб-ут-Таҳрирро дар миёни сокинони вилояти Суғд тарғиб кардааст.

Ба ин далел Азамат Ваҳҳобовро баъди ҳамагӣ 3 соли раҳоӣ дигарбора дастгир кардаанд ва додгоҳи шаҳри Душанбе соли 2010 ӯро бо айни гуноҳҳои пешин - барангехтани адовати мазҳабиву миллӣ ва даъват ба сарнагунии ҳукумати қонунӣ - ба 14 соли зиндон маҳкум кард. Вале ӯ дар зиндон ҳам ба таблиғи ақидаҳои ин ҳизб идома дода, ин бор ба 23 соли зиндон маҳкум шуд.

Ҳизб-ут-Таҳрир, ки ҳанӯз дар солҳои 50 дар Ховари Миёна таъсис ёфта, аз поёни солҳои 90 ба Осиёи Миёна ҳам роҳ ёфт, барои таъсиси хилофати воҳиди исломӣ мубориза мебарад. Фаъолияти ин ҳизб дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия расман манъ шудааст. Мақомоти амниятии ин кишварҳо ин гурӯҳи мазҳабиро созмони тундрав ва ҳатто террористӣ унвон мекунанд. Вале таҳлилгарони умур мегӯянд, ин ҳизб ақидаҳои ифротӣ дорад ва барои мисол, машрӯияти кишварҳои кунунии Осиёи Марказиро эътироф намекунад.

Вале иттиҳоми “терроризм” дар қиболи ҳизби Таҳрир, ба ақидаи таҳлилгарон, заминаи қавие надорад, чунки ин ҳизб бештар ба шеваҳои таблиғотӣ ва бидуни хушунати мубориза такя мекунад. Ҳарчанд мавридҳои алоҳидаи ба таҳияи аъмоли ифротгароёна муттаҳам ва маҳкум ба зиндон шудани аъзои ин созмон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ мушоҳида шудааст, вале аксари аъзои он бо ҷурми “барангехтани кинаву адовати мазҳабӣ” ва “даъватҳо ба сарнагун кардани низоми қонунӣ” равонаи зиндон мешаванд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар гузашта борҳо гуфтаанд, ки баъзе аз аъзои Ҳизб-ут-Таҳрир баъди зиндонӣ шудан ҳам маҳбасҳоро ба як майдони даъват ва ташвиқоти худ табдил дода, бо ташвиқу тарғиби идеяҳои тундгаронаи худ ба дигарон “сироят” мекунанд.

Дар Тоҷикистон аксари пайравони ин ҷунбиши мазҳабӣ узбакзабонҳоянд.
XS
SM
MD
LG