Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Занро танҳо табиби зан бояд муоина кунад!»


Чунин аст даъвои баъзе сокинони музофотӣ, ки завҷаҳои беморашонро барои муоина ва табобат ба дармонгоҳу марказҳои саломатии маҳаллӣ мебаранд.

Аз замони фавти Зумрад, ҷавондухтари 20-солаи гирифтори бемории домана, бар асари саривақт муроҷиат накарданаш ба духтур, чанд сол сипарӣ шуда бошад ҳам, ҳанӯз падараш худро бахшида наметавонад. Азбаски вай аз хонаводаи рӯҳониён буд, падар ба ӯ иҷоза надодааст, то барои муоина ба ягона духтури ҷинси мард, ки дар дармонгоҳи деҳа кор мекард, муроҷиат намояд. «Фикр мекардам, ки вай бадани духтарамро муоина мекунад, аз ин рӯ иҷоза надодам ва гуфтам, ки дар хона муолиҷа мегирад. Кӯтоҳақлӣ кардему гулдухтарамонро аз даст додем», - бо таассуф ба ёд меорад падар…

Мутаассифона, дармонгоҳҳои вилояти Хатлон, хусусан муассисаҳои тиббии деҳот бо мушкили норасоии пизишкони ҳирфаии бемориҳои занона ва дар маҷмӯъ духтурони зан рӯ ба рӯ ҳастанд. Танҳо аз духтурони гинеколог дар вилоят 47 нафар намерасанд. Масъулони идораи беҳдоштии вилояти Хатлон бо изҳори таассуфу нигаронӣ мегӯянд, ки гоҳе худи занон ва гоҳе шавҳаронашон иҷоза намедиҳанд, ки духтури мард занони беморро муоина кунад. Ва ин мушкил ба тамоюле мубаддал шудааст, ки ба иддаои таҳлилгарон, паёмадҳои ногуворе дар пай хоҳад дошт.

Сангаҳмад, як сокини ноҳияи Қумсангир, намехоҳад, ки ҳамсараш аз хизмати пизишкони мард истифода кунанд, зеро хонаводааш пойбанди арзишҳои мазҳабианд. Ба иддаои ӯ, даст расондани марди номаҳрам ба бадани зане, бигузор агар, ки духтур бошад, хилофи фармудаҳои ислом аст. «Дар ноҳияи мо ҳақиқатан табиби занона, терапевту ҷарроҳи зан намерасад. Занони мо бемор мешаванд, ба беморхона мебарем, он ҷо духтурони ҷинси зан нестанд, ки муоина кунанд», - мегӯяд ӯ.

Сангаҳмад барои муолиҷаи ҳамсараш ба дармонгоҳҳои шаҳри Душанбе, он ҷо ки шумораи пизишкони ҷинси зан бештар аст, муроҷиат мекунад, аммо сафар ба пойтахт ва табобат дар шифохонаҳои пулакӣ барои ӯ сермасраф анҷом мешудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки Саидисмоил Сатторзода, як рӯҳонии маҳаллӣ бо такя ба ақоиди аҳли суннат ва ҷамоат мегӯяд, дар ҳолати зарурат, агар хавф ба ҷони зан бошад (яъне агар ҷарроҳӣ накунанд, хавфи маргаш аст), вақте ки духтури зан нест, ба пизишки мард муроҷиат кардан мумкин аст.

Дар ноҳияи Қумсангир 8 пизишки момодоя ва як терапевти зан сари кор будаанд, аммо ҷарроҳ ва дигар пизишкони ҷинси зан дар муассисаҳои тиббии ин ноҳия кор намекунанд. Холмаҳмад Раҳмонов, раиси ноҳияи Қумсангир, мегӯяд, ҳукумати маҳаллӣ барои ҷалби пизишкон аз манотиқи дигари Тоҷикистон ваъдаи тақдими қитъаи замин ва мусоидат ба сохтмони манзили зистро додаст. Вай афзуд, тайи 20 соли охир ба сабаби норасоии пизишкон дар ин ноҳия шумораи қобили мулоҳизаи бонувони рустоӣ комилан аз хизматрасонии тиббӣ бебаҳра мондаанд. «Дар рустоҳо мо бунгоҳҳои тиббӣ сохтем, то ки занон зери назари табибон бошанд ва ба хизматрасонии тиббӣ дастрасӣ дошта бошанд. Мутаассифона, ҳанӯз ҳам қисмате аз занони рустоӣ аз назорати духтурони касбӣ дур мондаанд», - гуфт Х. Раҳмонов.

Дар ҳамин ҳол, Нигина Убайдуллоева, роҳбари Маркази солимии репродуктивии вилояти Хатлон, низ мегӯяд, азбаски дар баъзе навоҳии дурдаст духтурони ҷинси зан намерасанд, занҳо шояд аз рӯйи шарми шарқиёна ба пизишкони мард муроҷиат намекунанд. «Воқеан мо ҳам эҳсос кардем, ки занҳо дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистоние мисли Ховалинг, Шӯрообод, Балҷувон то ҷое аз мадди назари духтурон дур монда метавонанд. Норасоии духтурони касбӣ, масофаи дур то бемористон, шароиташон начандон хуби иҷтимоӣ ҳам сабаби муроҷиати ками занон ба шифохонаҳо мебошад», - афзуд Н. Убайдуллоева.

Ба гуфтаи Н. Убайдуллоева, бояд квотаҳои президентии таҳсил дар донишгоҳи тиббӣ аз ҳисоби духтарони ноҳияҳои дурдасту кӯҳистонӣ бештар карда шавад, то онҳо баъди хатми донишгоҳ ба зодгоҳҳояшон баргашта, ба мардум хизмат расонанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки танҳо дар соли гузашта дар Хатлон 51 бунгоҳу муассисаҳои тиббӣ таъсис дода шуд, аммо мушкили норасоии кадрҳои пизишкӣ ва дастгоҳҳои тиббӣ дар миён аст. Тибқи омори расмӣ, 15 дарсади хатмкардаҳои Донишгоҳи тиббӣ ба музофот барои кор дар муассисаҳои тиббӣ ҳозир намешаванд. Ҳақмузди нокофӣ, набуди шароити корӣ ва фанноварии муосири табобат дар бемористонҳои навоҳии вилояти Хатлон дар аксари маврид сабаби фирори пизишкони ҳирфаӣ ва худдории пизишкони ҷавон аз кор дар муассисаҳои музофотӣ унвон мешавад.
XS
SM
MD
LG