Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон даргузашт


Юрий Лобанов, аввалин қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон, қаҳрамони ҳашткаратаи ҷаҳон дар риштаи қаиқронӣ дар каноэ, Устоди шоистаи варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ якуми май дар Маскави Русия дар синни 64-солагӣ аз олам даргузашт.

Юрий Лобанов 29 сентябри соли 1952 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ ҳамроҳи бародараш Михаил Лобанов, қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон, дар ҳайати дастаи мунтахаби СССР таҳти раҳбарии Мураббии шоистаи Иттиҳоди Шӯравӣ Иброҳим Ҳасанов тамрин мекард.

Юрий Лобанов дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1972 дар Мюнхени Олмон дар ҳайати дастаи мунтахаби СССР дар сабқати каноэи дукаса ба масофаи 1000 метр ҳамроҳи Владас Чесюнас аз Литва медали тилло ба даст овардааст. Баъдан ӯ дар Бозиҳои XX тобистонаи олимпии соли 1980 дар Маскав дар каноэи дукаса ба масофаи 1000 метр бо Василий Юрченко аз Украина бо медали биринҷӣ мукофотонида шудааст.

Юрий Лобанов, инчунин ҳашт маротиба ба унвони қаҳрамони ҷаҳон сазовор шуда, дуборӣ медалҳои нуқра ва биринҷии мусобиқоти ҷаҳониро ба даст овардааст. Вай қаҳрамони бисёркаратаи Аврупо ва Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад.

Юрий Лобанов, ки дар таърихи варзиши тоҷик чандин саҳифаҳои дурахшон боз кардааст, варзишгари барҷастаи Тоҷикистон дар асри ХХ эътироф шудааст. Юрий Лобанов ва Михаил Лобанов пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамроҳ бо хонаводаҳояшон дар шаҳри Маскави Русия кору зиндагӣ мекарданд.

Ба назари коршиносон, хуб мебуд ба хотираи аввалин қаҳрамони бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон, яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба номи ӯ, номгузорӣ мешуд.

XS
SM
MD
LG