Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон зимни шарҳи ҳодисаи марги ду сокини деҳаи Фароби ноҳияи Панҷакент дар марзи Узбакистон гуфт, ки сарҳадбонони Узбакистон ба тарафи сокинони Фароб тир накушода, балки онҳо ба минаҳои хатти сарҳад бархӯрда ҷон бохтаанд. Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сардори Дафтари матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон 19 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳеч марзбони Узбакистон ба тарафи сокинони ҷамоати Фароб тир накушодааст.”
Дар посух ба ин суол, ки "чаро наздикони фавтидаҳо то ҳол ҷасади фарзандонашонро нагирифтаанд?", - вай гуфт, “дар ҳоли ҳозир ин ҳодиса таҳқиқ мешавад ва ҷузъиёти он шарҳ дода хоҳад шуд”.
Рӯзи шанбеи 17 октябр мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Панҷакент гуфтанд, марзбонони Узбакистон ба сӯи панҷ сокини ин ноҳия тир андохтаанд, ки дар натиҷа ду нафари онҳо кушта шуда ва се тани дигарашон захм бардоштаанд. Як манбаъ дар ҷамоати Фароби Панҷакент дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса рӯзи 16 октябр дар ағбаи Ҷумон, ҳаммарз бо ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд рух додааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, мақомоти марзбонии Тоҷикистон ва Узбакистон дар бораи ин ҳодиса гуфтугӯ доранд ва ҷузъиёт ба зудӣ маълум мешавад. Синну соли шаҳрвандони Тоҷикистон ва сабаби ба он минтақа рафтани онҳо рӯшан нест. Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, ҷасадҳои фавтидагон ва афроди захмӣ дар дасти ҷониби Узбакистон қарор доранд.
Маълум нест, тирандозӣ барои чӣ сурат гирифтааст ва мақомот талош доштаанд, маълум кунанд, ки оё ҳодиса дар қаламрави Тоҷикистон сурат гирифтааст ва ё сокинони Панҷакент тасодуфӣ вориди қаламрави Узбакистон шудаанд ва ҳадафи тир қарор гирифтаанд. Як манбаи дигар дар рустои Фароб ба Радиои Озодӣ гуфт, ин афрод чӯпонҳо будаанд, ки дар наздикии марз айлоқ доштаанд ва зоҳиран надониста аз марз гузаштаанд.
Дар шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Панҷакент ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ба онҳо ҳанӯз дар бораи ингуна ҳодиса маълумот нарасидааст. Тоҷикистон бо Узбакистон тақрибан 1400 километр марзи муштарак дорад ва ҳудуди 80 дарсади он таъйину аломатгузорӣ шудааст.