Бо оғози мавсими пахтачинӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бори дигар масъалаи кори иҷбории наврасон дар майдонҳои кишти пахта ва заҳролудшавии муҳити зист аз доруҳои кимиёӣ ба ёд меояд. Ҳоло як тарроҳи либос мехоҳад вобастагӣ аз пахтаро то ҳадде коҳиш диҳад.
Шими ҷинси пахтагӣ аз либосҳои дӯстдоштаи мардуми саросари олам ба шумор меравад, зеро давомдору зебо буда, шустушӯву нигаҳдошти он хеле сода аст.
Аммо таъсири ин навъи либос ба муҳити зист чандон сода набудааст ва донишҷӯи тарроҳ Давн Иламс, ки аввалин шими ҷинси сунъиро ихтироъ кардааст, бовар дорад, ки рӯзе маҳсули ӯ ҷои ҷиснҳои анъанавиро ишғол хоҳанд кард: “Қабл аз ҳама тавлиди шими ҷинси пахтагӣ оби зиёд тақозо мекунад. Барои парвариши пахта оби зиёд зарур аст. Баъд барои ранг кардани деним, яъне матои ҷинс хоҳ ранги индигои табиӣ бошад ва хоҳ ранги индигои сунъӣ оби зиёд лозим аст.”
Барои тавлиди як шими ҷинси пахтагӣ ҷамъан то 10 ҳазор литр об масраф мешавад. Агар боз заҳмат ва аз ҷумла заҳмати иҷбории наврасонро мадди назар бигирем, истеҳсоли шими ҷинс ба яке аз масъалаҳои саросар печидаи саноати нассоҷии рӯи олам табдил меёбад.
Хонум Иламс, ки номзади улуми нассоҷӣ дар донишгоҳи Ҳериот-Вати Шотландия мебошад, мегӯяд, алтернативаи ҷинси пахтагӣ матоъе бо номи тенсел буда метавонад, ки аслан аз чӯби дарахти эвкалипт истеҳсол мешавад. Ба қавли Иламс, дар муқоиса бо пахта эвкалипт 20 маротиба камтар об истеъмол мекунад ва тавлиди тенсел аз тавлиди деним, яъне матоъи пахтагӣ арзонтар аст.
Ҷим Тейлор, корманди масъули ширкати "Лензинг Файберс", ки дар Австрия бо истеҳсоли тенсел машғул аст, мегӯяд, феълан ин матоъ на танҳо барои дӯхтани шиму курта, балки ҳамчун астари ҷои хобу курсии мошинҳам истифода мешавад: “Дар панҷ соли гузашта тақозо ба нахи тенсел афзоиш ёфт. Мардуми зиёд дигар намехоҳад аз матоъи сунъии полиестер, ки аслан аз нафт тавлид мешавад, либос харанд. Аз сӯи дигар мардум иттилоъ ёфтааст, ки истеҳсоли пахта ҳам безарар нест ва дар баробари харҷи оби зиёд дар нахи пахта заҳрҳои кимиёӣ вуҷуд дошта метавонанд.”
Сабаби дигар таваҷҷӯҳи ширкатҳои бузург ба тенсел ин аст, ки баъзе муштариён бо назардошти истифодаи заҳмати кӯдакону наврасон аз пӯшидани либоси пахтагӣ даст кашидаанд.
Чанд ширкати номии ҷаҳон таъкид кардаанд, ки аз харидани пахтаи Узбакистон худдорӣ мекунанд, зеро дар ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ мактаббачаҳо иҷборан дар ғунучини пахта сафарбар мешаванд.
Метю Фишер-Дейлӣ - ҳамоҳангсози созмони ҳомии ҳуқуқи башар бо номи "Cotton Campaign" мегӯяд: “Воқеан, дар Осиёи Марказӣ ва ба хусус дар Узбакистон, пахта беш аз ҳад тавлид мешавад. Бубинед, ки таъсири он ба хушкшавии баҳри Арал чӣ гуна аст. Аз ин рӯ, воқеан барои пахта алтернатива зарур аст. Ҳамзамон бояд гуфт, ки имкони беҳбуди тавлиди пахта ва истифодаи роҳҳои пешрафтаи кишоварзӣ дар сатҳи хоҷагиҳои деҳқонӣ пурра истифода нашудаанд”.
Фишер-Дейлӣ меафзояд, дар марҳилаи кунунӣ беҳтарин роҳи фишор болои ҳукумати Узбакистон худдорӣ аз харидани пахтаи ин кишвар аст, ки мақомоти Тошкандро ба ислоҳот дар соҳаи пахтапарварӣ ва худдорӣ аз истифодаи заҳмати наврасон водор хоҳад кард.