Темур Раҳимов, паҳлавони тоҷик, дар аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба кураш барои Ҷоми президенти Узбекистон барои ҷойи севум соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Инчунин ба ӯ сертификат ба маблағи 10 ҳазор доллари ИМА супурда шуд. Дар ин бора вебсайти расмии Кумитаи миллии олимпии Узбекистон 7-уми сентябр хабар додааст.
Мақсади ман ҳарчи бештар дар мусобиқоти байналмилалӣ ширкат карда, холҳои олимпӣ ба даст овардан аст. Мехоҳам, ки ба Олимпиадаи Токио роҳхат бигирам
Ба иттилои ин манбаъ, 6-уми сентябр дар Узбекистон Рӯзи намуди миллии варзиш – кураш - эълон шудааст. Ба ин муносибат дар ин рӯз дар маҷмааи варзишии «Узбекистон»-и шаҳри Тошканд аввалин мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми президенти Узбекистон оид ба кураш доир гардид.
Мусобиқа миёни мардон дар вазни мутлақ сурат гирифт, ки дар он варзишгарон аз наздики 40 кишвар ширкат доштанд. Ду паҳлавони узбекистонӣ - Бекмурод Олтибоев ва Шералӣ Ҷӯраев - ба финал баромаданд. Қувваозмоии ниҳоӣ бо пирӯзии Ҷӯраев хотима ёфт.
Ба ғолиби мусобиқа ба ҷуз медали тилло сертификати Ҷоизаи президенти Узбекистон ба маблағи 50 ҳазор доллари ИМА супурда шуд. Олтибоев барои ҷойи дуюм бо медали нуқра ва сертификат ба маблағи 25 ҳазор доллари ИМА сарфароз гашт.
Ба Аслан Камбиев аз Русия ва Темур Раҳимов аз Тоҷикистон барои ҷойҳои сеюм медалҳои биринҷӣ ва сертификат ба ҳар кадом ба маблағи 10 ҳазор доллари ИМА тақдим гардид. Инчунин гуштигироне, ки ҷойҳои аз 5-ум то 8-умро соҳибӣ карданд, бо 1250-долларӣ мукофотонида шуданд. Бунёди ҷоизавии аввалин Ҷоми президенти Узбекистон оид ба кураш 100 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медод.
Темур Раҳимов, ки 8-уми июли соли 1997 дар ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омадааст, пас аз хатми мактаби миёнаи шумораи 1-и ҳамин ноҳия соли 2014 ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дохил шудааст. Ӯ, ки дар тӯли панҷ соли ахир дар чандин мусобиқоти байналмилалӣ миёни наврасону ҷавонон парчами Тоҷикистонро барафрохтааст, ҳадафҳои бузург дорад.
“Мақсади ман ҳарчи бештар дар мусобиқоти байналмилалӣ ширкат карда, холҳои олимпӣ ба даст овардан аст. Мехоҳам, ки ба Олимпиадаи Токио роҳхат бигирам. Орзу дорам, ки ба мисли паҳлавони машҳури тоҷик Расул Боқиев соҳиби медалҳои қаҳрамонии ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ шавам”, - гуфт Темур Раҳимов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.