Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони мусобиқаи наврасони футболи Тоҷикистон


Дастаи РШВСМ – Ҳоҷӣ Шариф (Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ)-и Душанбе ғолиби мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни наврасон гардид.

Марҳилаи ниҳоии мусобиқот байни наврасони солҳои таваллудашон 1996-1997, ки дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии Душанбе 28-уми октябр шурӯъ шуда буд, рӯзи 1-уми ноябр ба анҷом расид.

Бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуда буданд: гурӯҳи «А» - РШВСМ -Ҳоҷӣ Шариф (Душанбе), «Ҳулбук» (Восеъ), «Норак» (Норак) ва «Помир» (Хоруғ), гурӯҳи «Б» - РШВСМ (Душанбе), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Румӣ), «Истиқлол» (Душанбе) ва «Шодмон» (Ҳисор) шомил буданд.

Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба нимфинал баромаданд. Натоиҷи бозиҳои ниманиҳоӣ чунин аст:
РШВСМ-Ҳоҷӣ Шариф - «Панҷшер» - 4:0
«Помир» - РШВСМ - 0:4

Дар бозии ниҳоӣ РШВСМ-Ҳоҷӣ Шариф бар дастаи РШВСМ бо ҳисоби бузурги 5:0 ғалаба кард. Голҳоро Ҳокимҷон Ҳасанов, Фирдавс Ҳакимов, Умедҷон Қурбонов, Ҷамшед Махсумов ва Фирӯз Бекмуродов (аз ҷаримаи 11-метра) ба ҳадаф расонданд. Дастаи ғолиб бо ҷому медалҳои тилло ва тими РШВСМ бо ҷому медалҳои нуқра сарфароз гардиданд.

Барои ҷойи севум дастаи «Панҷшер» бар тими «Помир» бо ҳисоби 4-2 ғолиб омад ва бо ҷому медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд.

Ҳамчунин бозигарони беҳтарини мусобиқот Шаҳбози Шарифӣ (РШВСМ-2), Файзулло Мадалиев («Панҷшер»), Ҳукуматулло Мастоншоев («Помир») ва Фирӯз Бекмуродов (РШВСМ-Ҳоҷӣ Шариф) бо ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон сарфароз гаштанд.
XS
SM
MD
LG