Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Аловуддин Абдуллоев: "Тарси аз даст додани падар дар дилам буд"

"Ҳар коре кардаам, бо маслиҳати падар аст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:31 0:00

Навори суҳбатро дар инҷо бинед

Рӯзи 17-уми феврал аз даргузашти Аловуддин Абдуллоев, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, чаҳор сол сипарӣ шуд. Ӯ соли 2022 дар 56-солагӣ аз сактаи дил даргузашт. Яке аз писаронаш, Отахон Абдуллозода, ки 23 сол дорад, роҳи падарро интихоб кардааст ва пас аз хатми Донишкадаи фарҳангу ҳунари Тоҷикистон дар Донишгоҳи синамогарии Русия (ВГИК) таҳсил мекунад. Радиои Озодӣ бо ӯ мусоҳиба кард.

Отахон Абдуллозода: "Чор сол бисёр душвор гузашт. Ман гуё дар ҳамон соли 2022 дармондам. Ҳоло дар соли дуюми ВГИК таҳсил мекунам. Дар ҳар мушкиле, ки дар зиндагӣ пеш меомад, аз падар маслиҳат мепурсидам. Вақте аз дунё гузаштанд, 19 сол доштам. Қабул кардани ин ҳолат барои ман хеле душвор буд. Дар фаъолият ҳам душворӣ пеш меомад. Ягона чизе, ки ба ман ёрӣ мекард, ин маслиҳатҳои падар буд."

Радиои Озодӣ: Ҳоло як ҳунарпеша ҳастед ва вақте ба кору эҷодиёти падаратон нигоҳ мекунед, ба он чӣ баҳо медиҳед?

Вақте масъулиятро ба шумо супурданд, бояд онро иҷро кунед. Падарам, албатта, мехостанд бештар дар саҳна бошанд.

Отахон Абдуллозода: "Аз омодагии падарам ба сабти намоишномаҳо дида мешуд, ки чӣ гуна кор мекунанд. Аз диди онвақтаам мегӯям. Ҳар нуктаву калимаву шӯхиҳо... Медидам, ки ҳунарманд чӣ гуна пеш аз ба саҳна баромадан бояд омодагӣ бинад. Омодагии хуб медиданд ва матнро боз як бор барои мо, барои модарам мехонданду фикрҳои моро мешуниданд. Назари амакҳоямро ҳам мепурсиданд. Медиданд, ки онҳо чӣ гуна ба ин вокуниш мекунанд. Дар аввал барномаи ҳаҷвии “Шӯхиҳои Аловуддин”-ро Станислав Макеевский, сипас Фирӯзҷон Қурбонов ба навор мегирифтанд. Вақте мо калонтар шудем, падарам моро ҳамроҳашон мегирифтанд. Солҳои охир наворбардорашон ман будам. Вақти наворгарии “Шӯхиҳои Аловуддин” медидем, ки ҳар як характер, образи қаҳрамонҳояшон аз ҳам фарқ мекард. Ман ҳоло дар ВГИК таҳсил мекунаму порчаҳоеро аз нависандагони рус, тоҷик ва англису аврупоӣ дар саҳна мегузорем. Ман медонам, ки чӣ қадар душвор аст аз ҳолати як қаҳрамон баромада қаҳрамони дигарро иҷро кардан. Онҳо бояд ба якдигар монанд набошанд. Чи дар ҳаракатҳояш, чи дар нигоҳҳояш, чи дар сухан гуфтанаш ҳамааш машқу тамрин мехоҳад. Аз халқ бисёр омӯхтан, мутолеаи зиёд карданро талаб мекунад. Дар ҳунари падарам ҳаминро медидам, ки инаш ба онаш монанд нест. Масалан, ду қаҳрамони зан ҳасту солхӯрдаанд, вале ба якдигар монанд нестанд. Иҷрои ин нақш натиҷаи кори солҳои дароз ва тамрину ҷустуҷӯ мебошад.”

Радиои Озодӣ: Оё агар имкон буд, шояд чизеро ислоҳ ё дигар мекардед?

Отахон Абдуллозода: “Агар имрӯз падарам бо мо мебуданд... Ман, ки дар Маскав пайи омӯхтани ҳунари филмбардорӣ ва операторӣ ҳастам, дӯстони зиёде дорам, ки бо таҳияи филмҳои аниматсионӣ ё тасвирӣ ва ҳам 3D машғуланд, аз онҳо зиёд меомӯзам. Фикр мекунам, агар падарам зинда буданд, ҳамон “Шӯхиҳои Аловуддин”-е, ки сабт мекардем, онро бо як формати хубтару ҷаҳонитар намоиш медодем.”

Аловуддин Абдуллоев муаллифи барномаи "Шӯхиҳои Аловуддин" буд
Аловуддин Абдуллоев муаллифи барномаи "Шӯхиҳои Аловуддин" буд

Радиои Озодӣ: Бисёриҳо дар Тоҷикистон аз марги падари шумо ҳайрону мотамзада шуданд. Ҳамин ҳолатро пешакӣ ҳис карда будед?

Отахон Абдуллозода: "Медонед, ҳамин тарс, ки рӯзе падарро аз даст медиҳам, дар дилам буд. Аз аввал аз ҳамин чиз метарсидам. Он кас бемор ҳам набуданд. Як дафтарча (рӯзномае) ҳам дорам, ки солҳои пеш он ҷо ҳамин тарсамро ҳам навиштам будам. Аз куҷо аст ин. Китоби як нависандаи фаронсавиро хонда будам, ки ӯ ба ояндаи худ мактуб менавишт. Ва ман ҳам солҳое, ки ҷавонтар будам, барои ояндаи худам мактуб менавиштам. Он ҷо аз ҳамин мавзуъ хавотир будаму навиштам. Дил ҳис мекунад, албатта.”

Радиои Озодӣ: Он вақт шунидем, ки мегуфтанд, сабаби даргузашти ногаҳониашон фишору талаби аз ҳад зиёди кору масъулияти калон ҳангоми омодагӣ ба Наврӯз буд. Ҳоло агар дар ин бора фикр кунед, шояд бигӯед, ки мешуд аз фоҷеа пешгирӣ кард?

Отахон Абдуллозода: “Вақте кас масъулиятшинос аст ва новобаста аз ин ки бо ҳунар вобаста аст кораш ё на, ягон монеа ё душворие шуда наметавонад. Фикр намекунам, ки фишор аз омодагиҳо бошад. Ин насиб аст. Он кас бо эҳтиром ва кайфият бо кори омодагӣ ба Наврӯз машғул буданд. Вақте масъулиятро ба шумо супурданд, бояд онро иҷро кунед. Падарам, албатта, мехостанд бештар дар саҳна бо кори ҳунарнамоӣ машғул бошанд.”

Радиои Озодӣ: Се хислати беҳтарине, ки аз падар омӯхтеду мехостед, ки ба фарзандони худ ҳам онро бидиҳед, чӣ аст?

Отахон Абдуллозода: “Бо атрофиён муомилаи хуб доштанд. Дуюм – падарам фақат таъкид мекарданд, ки китоб хонем, мутолеа дошта бошем. Ва сеюм ин ки новобаста аз он ки бо чӣ кор машғул мешавед - дар театр саҳна ё зиндагӣ, он корро бо ишқ, бо муҳаббат, бо дӯстдорӣ бояд иҷро кунем, мегуфтанд.”

XS
SM
MD
LG