Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қирғизҳо ҳамаи тухмҳоро дар як сабад намегузоранд"


Парлумони Қирғизистон. Ак аз бойгонӣ.
Парлумони Қирғизистон. Ак аз бойгонӣ.

Таҳлилгарону соҳибназарони тоҷик натоиҷи интихоботи парлумонии Қирғизистонро дар муқоиса ба интихоботи парлумонии моҳи марти Тоҷикистон шаффоф ва демократӣ арзёбӣ кардаанд.

Натоиҷи интихоботи парлумонии рӯзи 4-уми октябр дар Қирғизистонро таҳлилгарони масоили сиёсӣ дар Душанбе назар ба интихоботи парлумони моҳи марти Тоҷикистон шаффофтар медонанд. Ҳарчанд дар интихоботи Қирғизистон ҳам ба гунаи Тоҷикистон ҳизби ҳокими сотсиал - демократ соҳиби бештари курсиҳо дар парлумон шудааст.

Аммо дар ҳар сурат, аз 14 ҳизбе, ки барои ворид шудан ба парлумон дар Қирғизистон рақобат доштанд, 6 ҳизб бо ба даст овардани аз 11 то 28 курсӣ ба парлумон роҳ ёфтанд. Дар феҳрасти аҳзоби ғолиб ҳам, ҳизбҳои матраҳ, аз ҷумла “Бил бор”, “Қирғизистон”, “Ота ҷурт” ва “Ота макон” ворид шуданд.

Дар пайи интихоботи 1-уми марти парлумонии Тоҷикистон бо ба даст овардани 65 дарсади раъйи интихобкунандагон ҳизби ҳокими халқии демократӣ аз 63 курсии парлумон 51-тои онро соҳиб шуд ва ду ҳизби умда – коммунист ва наҳзати исломӣ аз парлумон берун шуданд.

Қосими Бекмуҳаммад
Қосими Бекмуҳаммад

Аммо бо таваҷҷӯҳ ба интихоботи Қирғизистон, дар Тоҷикистон аксарият аз шеваи баргузории он, рақобатҳои шадиди номзадҳо ва шароити мусоид барои ҷамъоварии раъйи зарурӣ тавсиф мекунанд ва аз ин интихобот чун як намунаи хуби интихоботи демократӣ ном мебаранд.

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари масоили минтақавӣ мегӯяд, интихоботи парлумонии Қирғизистон барои Осиёи Марказӣ рӯйдодест, ки дар дигар кишварҳои минтақа то ҳоли ҳозир такрор нашудааст. Ба гуфтаи ин таҳлилгари тоҷик, “бидуни шак собиқаи интихоботи парлумонии Қирғизистон барои на танҳо ин кишвар, балки барои дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, дарки бисёр хуби демократист. Ин интихобот тақрибан шабеҳи интихоботи соли 2010 ин кишвар аст. Аҳзоби пирӯзро наметавони аҳзоби вобаста ба қудрат номид, зеро ин аҳзоб аз гурӯҳҳои мухталифи нухбагони сиёсӣ, молӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Қирғизистон намояндагӣ мекунанд.”

Дар Қирғизистон сохтори парлумонӣ воқеан нуфузи густурда дорад ва ба умури идораи ҳокмияти иҷроия таъсири мустақим мегузорад.

Таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, бо мушкил ва уфту хези зиёд, аммо Қирғизистон, ки дар ду интихоботи қаблиаш аз ҷониби нозирони байнулмиллалӣ ҳам ситоиш шунида буд, роҳи пешгирифтаи демократияро идома медиҳад ва то андозае собит мекунад, ки дар кишварҳои пасошӯравӣ ҳам мешавад ба тадриҷ як низоми демократиро бо вижагиҳои худ бунёд кард.

Сайфулло Сафаров, муовини раҳбари Маркази таҳқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, тариқи электронӣ баргузор кардани раъйдиҳӣ дар Қирғизистонро яке аз бартариҳои интихобот ва омили аслии демократӣ баргузор шудани ин маъракаи сиёсӣ унвон мекунад. Аммо ҷаноби Сайфулоев ба ин андешаҳо, ки интихоботи Қирғизистон иттифоқи нотакрор ва бесобиқаи минтақа аст, чандон розӣ нест:

Сайфуллоҳ Сафаров
Сайфуллоҳ Сафаров

“Дар Афғонистон ҳам гуфта буданд, ки демократӣ аст, баъд дидем, ки ҳатто бе интихобот президент ва муовини ӯро таъин карданд. Дар Қирғизистон ҳам чандин бор чунин шуда буд, ки демократӣ мегуфтанд, аммо барои мардуми ин кишвар ин демократия чизе надод. Демократия дар он ҳолате ҳисоб мешавад ки барои мардум як ороми ва сулҳу суботро таъмин намоянд. Вақте демократия дар хизмати гурӯҳҳо шуд, ин демократия нест.”

Бо вуҷуди ситоишҳо аз демократӣ баргузор шудани интихоботи ахири Қирғизистон, бархе аз таҳлилгарони тоҷик бо таваҷҷӯҳ ба пешсаф будани ҳизби ҳоким ва таблиғи президент Алмосбек Отамбоев аз ин ҳизб дар маъракаи интихоботӣ бар ин боваранд, ки дар Қирғизистон ҳам ҳама чиз тавре ба назар мерасад, рӯ ба рост нест ва вазъи сиёсии ин кишвару демократия ҳам аз 5-6 соли пеш фарқ мекунад.

Дилшод Муллоев, таҳлилгари тоҷик, дар ин зимн аз берун шудани ҳизби Ору Номуси Қирғизистон, ки ба гуфтаи ӯ яке аз аҳзоби мухолиф ва тундгӯи ин кишвар аст, ёдовар мешавад: “Ин ҳизб фаъол ва доим дар парлумон ба сифати як навъ мухолифи қавӣ, як ҳизбе буд, ки аз як доираи муайян намояндагӣ мекард. Намедонам, сотсиал-демократҳо аз ҳисоби ин ҳизб гузаштанд, ё чизи дигар боис шуд, аммо ба ҳар сурат ин ҳизб заминаҳои иҷтимоӣ дар доираҳои миллатгороҳои нарми Қирғизистон доштанд ва ман медонам, ки заминаҳои иҷтимоӣ дошт. Ман вақте ин ҳизбро дар феҳрасти аҳзоби пирӯз надидам, гуфтам ин ҳизб куҷо шуд?”

Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ки ҳамаи ҳизбҳои асосии Қирғизистон дар интихоботи ахир, мавзеи рӯ ба Русия доранд. Ин тағйири қутби Бишкек ҳам бо пайвастани Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё, як созмони таҳти раҳбарии Русия бештар равшантар шуд. Пешгӯйиҳо ҳам ҳаст, ки аҳзобе, ки акнун вориди парлумон шудаанд, зери калтаки Русия хоҳанд буд ва сиёсати Маскавро пиёда хоҳанд кард.

Таҳлилгари тоҷик Қосими Бекмуҳаммад ҳам мегӯяд, ҷомеаи Қирғизистон бо таваҷҷӯҳ ба мушкили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бештар интизори кӯмакҳо аз Русия ва Қазоқистон аст. Аҳзоби сиёсӣ ҳам дар маъракаи таблиғоти худ бештар талош доштанд, ин ҷанбаро барҷаста кунанд, то мардум аз онҳо ҳимоят намояд. Вале ба гуфтаи ҷаноби Бекмуҳаммад, ба намоиш гузоштани зоҳирии русиягароии аҳзоб, ҳаргиз ба ин маъно нест, ки парлумони Қирғизистон амалан аз сӯйи Маскав ҳарфшунавӣ дошта бошад.

Вай мегӯяд, оянда бархе аз ин аҳзоб бо кишварҳои ғарбу шарқ иртиботи наздик барқарор хоҳад кард ва тавозунро дар сиёсати хориҷӣ риоя мекунанд. Ба гуфтаи Қосими Бекмуҳаммад, сиёсатмадорони қирғиз ҳаргиз ба қавли маъруф ҳамаи тухми мурғҳои худро дар як сабад намегузоранд балки аз чанд сабад истифода хоҳанд кард.

Дар интихоботи Қирғизистон ҳизби ҳокими сотсиал-демократ пирӯз шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

XS
SM
MD
LG