Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

8 медали варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Варзишгарони тоҷик дар нахустин мусобиқаи қаҳрамонии бози Осиё оид ба таэквондо, ки рӯзҳои 7-9-уми сентябр дар шаҳри Атирауи Қазоқистон баргузор шуд, ҳашт медал (2 нишони тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ба иттилои Федератсияи таэквондо (WTF)-и Тоҷикистон, дар нахустин мусобиқаи қаҳрамонии бози Осиё ҳудуди 400 варзишгар аз 15 кишвар ширкат дошт. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоыикистон 13 варзишгар дохил буд. Ду медали тиллоро ба мунтахаби Тоҷикистон Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар вазни 73 кило ва Амал Иброҳимов дар вазни 59 кило дар сабқати ҷавонон оварданд.

Медалҳои нуқраро Рамазон Мирзоев дар вазни 59 кило, Муҳаммадҳусайн Шомаҳмадов дар вазни 51 кило миёни ҷавонон ва Маснавӣ Хоҷаев дар вазни 61 кило миёни наврасон соҳиб шуданд. Насиба Давлатова дар вазни 46 кило, Лутфулло Алиҷон дар вазни 63 кило миёни ҷавонон ва Асланбек Фозилов дар вазни 57 кило миёни наврасон медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Дар ин комёбиҳои варзишгарони ҷавони тоҷик мураббиёнашон Исломиддин Фозилов ва Зафар Тошматов, инчунин роҳбари даста Фирӯз Файзиев саҳми муносиб гузоштанд. Ҳамчунин дар ин мусобиқаи қитъавӣ Тоҷикистонро ду довари дараҷаи байналмилалӣ - Вафоназар Алиназаров ва Ошурмуҳаммад Ошуров намояндагӣ карданд.

XS
SM
MD
LG