Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ медали варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо


Варзишгарони тоҷик дар севумин Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо, ки дар вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон ҷараён дорад, панҷ медал – як тилло, ду нуқра ва ду биринҷӣ – ба даст оварданд.

Чунонки вебсайти Бозиҳои III ҷаҳонии кӯчиҳо имрӯз, 7-уми сентябр, хабар додааст, пас аз панҷ рӯзи мусобиқот дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Қирғизистон ҷойи аввалро ишғол намудааст. Мизбонон бо 78 медал - 30 тилло, 25 нуқра ва 23 биринҷӣ – мукофотонида шудаанд.

Русия бо касби 43 медал (16-9-18) дар ҷойи дувум ва Қазоқистон бо касби 49 медал (11-17-21) дар ҷойи севум қарор доранд. Ба даҳгонаи аввал, инчунин Туркманистон бо касби 23 медал (8-5-10), Маҷористон бо касби 12 медал (4-4-4), Эрон бо касби 12 медал (4-3-5), Узбекистон бо касби 25 медал (3-5-17), Украина бо касби 9 медал (3-3-3), Муғулистон бо касби 8 медал (3-2-3) ва Туркия бо касби 6 медал (2-1-3) дохиланд.

Тоҷикистон бо касби 5 медал (як тилло, ду нуқра ва ду биринҷӣ) баъди Озарбойҷон, ки 14 медал (як тилло, 5 нуқра ва 8 биринҷӣ) дорад, дар зинаи 12-ум ҷойгир шудааст. Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ, инчунин Литва як медали тилло, Гурҷистон ва Молдова дутоӣ медали биринҷӣ, Арманистон ва Эстония яктоӣ медали биринҷӣ гирифтаанд.

Ба ин тартиб, баъди панҷ рӯзи рақобатҳо варзишгарони 29 кишвар соҳибони медалҳо гардида, намояндагони 17 кишвар медалҳои тилло ба даст овардаанд.

Севумин Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо, ки 2-юми сентябр дар аспрез ё ипподроми деҳаи Бактуу-Долонтуи вилояти Иссиқкӯли

Қирғизистон оғоз шуд, шоми шанбеи 8-уми сентябр ба анҷом мерасад.

Дар қувваозмоиҳо 1,5 ҳазор варзишгар аз 66 кишвари дунё ва 11 минтақаи Русия ширкат доранд. Варзишгарон барои 594 маҷмуи медалҳо мубориза мебаранд. Ҷавоизи умумии бунёди Бозиҳои III ҷаҳонии кӯчиҳо 28 млн сомро ташкил медиҳад.

Қирғизистон дар ҳар ду сол Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳоро мизбонӣ мекунад. Чаҳор сол пеш нахустин бозиҳои кӯчиҳо баргузор шуда буд. Он замон дар бозиҳо намояндагони 19 кишвар ширкат доштанд. Дар дувумин Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо, ки моҳи сентябри соли 2016 дар Чолпон-Отаи Қирғизистон доир шуд, намояндагони 52 кишвар иштирок карданд.

Барномаи севумин Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо куллан шомили 31 риштаи мусобиқоти варзишӣ мебошад. Аз ҷумла асптозӣ, мусобиқоти асп, варзишҳои размӣ, бозиҳои суннатии миллӣ, мусобиқоти тирандозии камонварон, рақобатҳои гунаҳои суннатии шикор, бозиҳои суннатии зеҳнӣ шомили ин барнома аст. Гуштии миллии тоҷикон – гуштии камарбандӣ - низ ба барномаи ин бозиҳо дохил шудааст.

XS
SM
MD
LG