Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Побелу ғунучини ҳосил – "мардикорон"-и тоҷик дар Қирғизистон. ВИДЕО


Дар Қирғизистон мавсими ҷамъоварии ҳосил ҷараён дорад ва барои анҷоми босуръати корҳо кишоварзони маҳаллӣ аз нирӯи коргарони кирояи тоҷикистонӣ истифода мекунанд. Барои убури марз ба сокинони ноҳияҳои марзии вилояти Суғди Тоҷикистон ба минтақаи Ботканди Қирғизистон виза лозим нест. Кори кироя рӯзона анҷом мешавад ва шом ҳамаи онҳо дубора марзро убур карда ба

Соли гузашта музди рӯзонаи кори мо 50 то 60 сомонӣ буд, имсол аз 35-40 сомонӣ бештар нест

хонаҳои худ бармегарданд. Хабарнигори телевизиони "Настоящее время" Ҷибек Бегалиева, ки аз хоҷагиҳои деҳқонии марзӣ дидан кардааст, дар гузориши видеоии худ мегӯяд, аксари коргарони кироя занон мебошанд.

Аксари онҳо занони оиладоранд, шавҳарони бисёри онҳо дар Русия кор мекунанд. Ҳамсарон дар баробари тарбияи фарзанд, инчунин, дар мавсими ҷамъоварии ҳосил дар кишвари ҳамсоя кор мекунанд. Сайёра Толибҷонова яке аз онҳост. Ин зани миёнасоли сокини Тоҷикистон рӯзона то шом дар як хоҷагии қирғизӣ кор мекунад. Ӯ ба анҷоми ҳама гуна корҳо, аз ҷумла побели замин қодир аст. Дар хона ӯро фарзандон интизоранд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Занони тоҷикистонӣ дар ҷустуҷӯйи кор ба Қирғизистон мераванд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:47 0:00

Мегӯяд, пуле, ки ҳамсараш аз Русия мефиристад, барои онҳо намерасад. Ба ҳамин хотир, ҳамроҳ бо занҳои дигар субҳи барвақт аз марз гузашта ба инҷо меояд. "Соати 4-и субҳ аз хоб бедор шуда, аввал хӯроки молро медиҳам. Ба бачаҳо субҳона омода карда, соати 5 аллакай дар сари кор мешавам. Ҳама гуна корро анҷом медиҳам: хушк кардани зардолу, побел ва чиниши ҳосили тамоку, алафдаравӣ – ҳама кор аз дастам меояд. Моро дар ин ҷо бо ғизо таъмин мекунанд. Қирғизҳо барои ин корҳо ба дастамон рӯзе тахминан 45 сомонӣ медиҳанд. Даромад аз ҳаҷми кор вобаста аст", - нақл кард ӯ.

Ба ҳисоби миёна, даромади моҳонаи Сайёра Толибҷонова 40 то 50 долларро ташкил медиҳад. Музди меҳнатро ҳам бо пули қирғизӣ – сом ва ҳам тоҷикии сомонӣ мегиранд. Табдили ин пул дар Қирғизистон ё Тоҷикистон ҳеҷ мушкил надорад. Занҳои ҷӯёи кор бисёр вақт бригада ташкил карда, гурӯҳӣ кор мекунанд.

Шумори мардон зиёд нест. Агар бошанд ҳам, аз ҳисоби онҳоест, ки барои мардикорӣ ба Русия рафта натавонистаанд. Яҳёхоҷа Хоҷаев, ки бригадири коргарон аз Тоҷикистон аст, мегӯяд: "Гурӯҳи кории ман аз 20 то 30 нафарро ташкил медиҳад. Кор дар инҷо барои мо хуб аст, ҳар рӯз меоем. Вале дар муқоиса бо соли гузашта имсол даромад камтар буд. Соли гузашта музди рӯзонаи кори мо 50 то 60 сомонӣ буд, имсол аз 35-40 сомонӣ бештар нест. Мегӯянд, имсол кор кам асту ба ҳамин сабаб пул ҳам зиёд нест. Вале ба ҳар сурат мо аз будани ҳамин имконияти кор розӣ ҳастем ва аз бародарони қирғиз ташаккур мекунем."

Маълум нест, ки рӯзе чанд нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба Қирғизистон барои анҷоми корҳои мавсимии кишоварзӣ мераванд. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ин таҷриба нав нест ва солҳои охир зиёд мебинанд, ки тоҷикистониҳо барои кори рӯзона ба кишварашон меоянд.

Аксари онҳо узбактаборҳои рустоҳои марзии Тоҷикистонанд. Муҳоҷирати кории шаҳрвандони кишвари ҳамсоя ба манфиати ҳарду тараф аст. Кордиҳандагон мегӯянд, барои онҳо кирояи коргари рӯзона муфид аст.

Худойберген Тоҷибоев, раиси ҷамоати Қулунду, гуфт, “коргарони тоҷикистониро мардикорҳои якрӯза меномем, чунки барои онҳо фақат кори якрӯза лозим аст. Ҳоло, ки дасти корӣ дар миёни худи мо кам аст, ин бригадаҳоро ба кор даъват мекунем. Рӯзе ба онҳо 250-300 сом ҳаққи заҳмат мепардозем. Онҳо кори худро софдилона иҷро мекунанд”. Дар миёни корҳое, ки мадикорҳои тоҷикистонӣ дар Қирғизистон анҷом медиҳанд, сохтмони хона ҳам мушоҳида мешавад.

Ботурбек Хоҷамбердиев, як марди қирғиз мегӯяд, кори устоҳои тоҷикистонӣ гарон нест, онҳо барои худ шароити махсуси кор ҳам талаб намекунанд. Онҳо манфиатдоранд, ки кори худро зудтар анҷом диҳанд. "Кашолкорӣ намекунанд. Гоҳе ҳамроҳ бо модарони худ барои иҷрои кори саҳро кӯдакони ноболиғи онҳо ҳам меоянд. Музди кори кӯдакон камтар аст, ҳарчанд баробар бо калонсолон кор мекунанд", - хулоса кард Хоҷамбердиев.

XS
SM
MD
LG