Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони тоҷик аз Универсиадаи ҷаҳонӣ дар Тайван бе медал монданд


Акс аз вебсайти расмии Universiade 2017 гирифта шудааст
Акс аз вебсайти расмии Universiade 2017 гирифта шудааст

Варзишгарони тоҷик дар Универсиадаи 29-уми тобистона дар шаҳри Тайбейи Тайван 23-юми август рақобатҳои худро ба анҷом расонданд. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон панҷ варзишгар дохил буд, ки онҳо дар ду намуд – гуштии ҷудо ва варзиши сабук - ширкат карда, ноком шуданд.

Нахуст Беҳрӯз Хоҷазода дар сабқати гуштии ҷудо дар вазни зери 73 килограмм вориди рақобат шуд. Вай 22-юми август дар аввалин қувваозмоияш бар Лечи Эдиев аз Русия пирӯз гашт, вале дар даври баъдӣ аз Алеҷандро Федерико Клара (Аргентина) шикаст хӯрд ва аз медал бенасиб монд.

Се варзишгари дигари тоҷик рӯзи 23-юми август рақобат карданд. Шӯҳрат Усмонов дар сабқати интихобӣ дар давидан ба масофаи 400 метр бо натиҷаи 54,59 сония дар гурӯҳи худ дар ҷойи охирин – ҳафтум - қарор гирифт. Натиҷаи ғолиби ин гурӯҳ Даррен Алфред аз Тринидад ва Тобаго 47,18 сония мебошад. Шӯҳрат Усмонов ҳам аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум шуд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон - Фаридун Ашӯров – дар мусобиқаи интихобӣ оид ба гулӯлапартоӣ дар гурӯҳи “В” бо натиҷаи 12,23 метр дар байни 11 нафар мақоми даҳумро касб кард ва ба даври баъдӣ роҳ наёфт. Дар ин гурӯҳ Андрей Мариус Гаг аз Руминия бо натиҷаи 20,45 метр мақоми аввалро соҳиб шуд.

Донишҷӯи тоҷик Абдурауф Мӯсоев низ дар сабқати пешакии гурзандозӣ дар гурӯҳи худ бо натиҷаи 53,38 метр дар ҷойи охирин – даҳум - қарор гирифт. Ӯ ҳам аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гашт. Варзишгари Туркия Озкан Балтачӣ, ки бо натиҷаи 70,43 метр ғолиби гурӯҳ шуд, дар қатори ҳашт нафар зӯртаринҳо дар даври ниҳоӣ барои медалҳои Универсиада талош мекунад.

Намояндаи охирини Тоҷикистон - Ҳусниддин Зарифов - дар сабқати интихобӣ дар ҷаҳидан ба баландӣ қувваозмоӣ кард. Натиҷаи нишондодаи ӯ 2 метру 05 сантиметр аст. Бо ин натиҷа вай дар гурӯҳи

“А” дар байни 13 нафар мақоми 11-умро гирифт ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳои Универсиада маҳрум шуд. Натиҷаи ғолиби ин гурӯҳ – Марко Фассинотти аз Италия – 2.15 метр мебошад.

Дар Универсидаи 29-уми тобистона намояндагони беш аз 140 кишвар аз рӯи 21 намуди варзиш то рӯзи 30-юми август рақобат мекунанд. Пас аз натиҷагирии панҷ рӯзи мусобиқот дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 45 медал (17 тилло, 11 нуқра, 17 биринҷӣ) дар мақоми аввал аст. Мунтахаби Ҷопон бо касби 43 медал (15-11-17) дар мақоми дувум ва мунтахаби Тайван бо касби 31 медал (12-13-6) дар мақоми севум қарор доранд. Умуман, то ҳоло варзишгарони 41 кишвар бо медалҳо мукофотонида шудаанд ва намояндагони 30 кишвар барандагони нишонҳои тилло гардидаанд.

Аз ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ варзишгарони ҳашт кишвар бо медалҳои Универсиадаи Тайбей мукофотонида шудаанд:

Русия 39 медал (8 тилло, 11 нуқра, 20 биринҷӣ) – ҷойи чорум,

Украина 17 медал (6 тилло, 6 нуқра, 5 биринҷӣ) – ҷойи шашум,

Қазоқистон 10 медал (3 тилло, 2 нуқра, 5 биринҷӣ) – ҷойи нӯҳум,

Литва 4 медал (1 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ) – ҷойи бисту сеюм,

Озарбойҷон 3 медал (1 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ) – ҷойи бисту панҷум,

Арманистон 3 медал (1 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ) – ҷойи бисту панҷум,

Беларус 1 медал (1 тилло, 0 нуқра, 0 биринҷӣ) – ҷойи бисту ҳаштум.

Эстония 1 медал (0 тилло, 1 нуқра, 0 биринҷӣ) – ҷойи сиву ҳафтум.

Бояд тазаккур дод, дар Универсиадаи ҷаҳонӣ, ки дар ҳар ду сол барпо мегардад, асосан варзишгарони донишҷӯ аз кишварҳои олам ширкат меварзанд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли 2013 дар Универсиадаи 27-уми ҷаҳонии тобистона дар Қазони Русия бо шумули 45 варзишгар дар нӯҳ риштаи варзиш ширкат карда, панҷ медал гирифта буд. Дар гуштии камарбандӣ Абдуазим Бойназаров бо медали нуқра, Маҳмад Миров ва Гуландом Қаробоева бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Дар риштаи самбо Комроншоҳи

Устопириён бо медали нуқра ва Нусратшоҳ Имомов бо медали биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Вале дар Универсиадаи Қазон варзишгарони тоҷик дар риштаҳои бокс, вазнабардорӣ, ҷудо, варзиши сабук, шиноварӣ, гуштии озод ва гуштии юнониву румӣ ноком шуданд.

Дар Универсиадаи 28-уми ҷаҳонии тобистона, ки соли 2015 дар шаҳри Кванҷуи Куриёи Ҷанубӣ баргузор шуд, ба далели хуруҷи бемории "Мерс" аз сафари 67 варзишгари тоҷик барои иштирок дар ин кишвар ҷилавгирӣ шуд. Вале се варзишгаре, ки Тоҷикистонро дар риштаи таэквондо WTF намояндагӣ карданд - Моҳрӯ Ҳалимова, Фарзона Раҷабова ва Суман Раҷабова - аз медалҳои Универсиада бенасиб монданд.

XS
SM
MD
LG