Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мессӣ, Неймар ва Роналду. Тоҷикон киро интихоб мекунанд?


Барои дарёфти ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ" се бозигар -- Лионел Мессӣ, Неймар ва Криштиану Роналду номзад шудаанд. Ҳаводорони футболи тоҷик кадоме аз ин номзадҳоро сазовори ин ҷоиза медонанд?

Се бозигари машҳур -- Лионел Мессӣ ва Неймар аз дастаи "Барселона"-и шаҳри Барселона ва Криштиану Роналду, аз "Реал"-и Мадрид барои дарёфти ҷоизаи "Тӯби тилло" ё бозигари беҳтарин дунё дар соли 2015 номзад шудаанд. Маросими ҷоизасупорӣ рӯзи 9 январ баргузор мешавад.

Ин ҷоиза соли 2010 баъди ба ҳам омехтани «Тӯби тиллоӣ»-и France Football ва «Бозигари соли ФИФА» таъсис ёфтааст. Соли гузашта ин ҷоиза насиби Криштиану Роналду шуда буд. Ӯ то ба ҳол се дафъа соҳиби ин ҷоиза шудааст. Пеш аз ӯ Месси чаҳор бор пайиҳам ин ҷоизаро ба даст овардааст. Аммо Неймар барои бори аввал дар миёни се муддаии дарёфти ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ" роҳ ёфтааст.

Дар миёни ҳаводорони футбол дар Тоҷикистон мухлисони ин се бозигар кам нестанд. Дар як пурсиши сарироҳӣ, хабарнигори Озодӣ аз чанд нафар пурсид, ки кадоме аз ин се футболбозро сазовори "Тӯби тиллоӣ" медонанд:

"Тӯби тиллоӣ" аз кӣ мешавад - Мессӣ, Неймар ё Роналду?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:47 0:00

XS
SM
MD
LG