Бозии аввали футболбозони ҷавони ҳарду кишвар 23-юми феврал дар пойтахти Уммон баргузор мешавад. Бозии ҷавобӣ 9-уми март дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода доир хоҳад шуд.
Барои роҳхатҳо ба Олимпиадаи Лондон 35 дастаи мунтахаби олимпии кишварҳои қораи Осиё мубориза хоҳад бурд. Дар даври муқаддамотӣ 22 даста, ки аз рӯи натоиҷи сабқати интихобии пешин рейтинги камтар дорад, бар асоси қуръакашӣ бо ҳам рақобат мекунанд.
Баъдан 11 дастаи ғолиби даври муқаддамотӣ рӯйхати 13 дастаи мунтахабро пурра мекунад ва дар даври дуввум 24 даста вориди рақобати ҷуфтӣ хоҳад шуд. Сипас 12 дастаи беҳтарин бар асоси қуръакашӣ ба се гурӯҳ тақсим хоҳад шуд.
Ғолибони гурӯҳҳои интихобӣ соҳиби роҳхатҳо ба Олимпиадаи Лондон-2012 мешаванд. Дастаҳое, ки ҷойҳои дуввумро мегиранд, дар сабқати изофии даврӣ дастаи ширкаткунандаи плей-оффи байниминтақавиро муайян мекунанд. Конфедеросиюни футболи Осиё дар сабқати олимпии футбол 3,5 ҷой мегирад.