Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти Тоҷикистон аз Умон, 1:4


Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар нахустин бозии сабқати интихобии Олимпиадаи соли 2012 дар минтақаи Осиё аз тими Умон шикаст хӯрд.

Дар ин бозӣ ҳисобро дар дақиқаи 11-ум меҳмонон кушоданд. Голро аз ҷаримаи 11-метра Самад Шоҳзуҳуров, капитани дастаи Тоҷикистон, ба ҳадаф расонд.

Вале баъд аз 8 дақиқа мизбонон ҳисобро баробар карданд. Тӯбро Эйд Муҳаммад Ал-Форсӣ ба дарвозаи меҳмонон ворид намуд. Голи дуввуми Уммонро Фаҳад Хамис Рашид дар дақиқаи 35-ум зад.

Ду голи дигарро футболбозони Умон дар нимаи дуввуми дидор ба самар расонданд. Капитани мизбонон Мансур Гамил Салим Ал-Наимӣ дар дақиқаи 47-ум дарвозабони дастаи Тоҷикистон Миралӣ Муродовро маҷбур кард, ки боз тӯбро аз тӯри дарвоза бигирад.

Ба Эйд Муҳаммад Ал-Форсӣ муяссар шуд, ки дар ин бозӣ ду гол занад. Голи чаҳоруми Уммонро ӯ дар дақиқаи 65-ум ба нишон расонд.

Рӯзи 23-юми феврал Шариф Назаров, сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, 65-сола шуд. Вале шогирдонаш натавонистанд, ки ба ӯ дар рӯзи ҷашнаш пирӯзӣ тӯҳфа намоянд.

Бозии ҷавобии дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Умон 9-уми март дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор хоҳад шуд. Ба тими Тоҷикистон барои ба даст овардани роҳхат ба даври баъдӣ се голи беҷавоб задан зарур аст.

Бояд гуфт, ки барои роҳхатҳо ба Олимпиадаи Лондон 35 дастаи мунтахаби олимпии кишварҳои қораи Осиё мубориза хоҳад бурд. Дар даври муқаддамотӣ 22 даста, ки аз рӯи натоиҷи сабқати интихобии пешин рейтинги камтар дорад, бар асоси қуръакашӣ бо ҳам рақобат мекунанд.

Баъдан 11 дастаи ғолиби даври муқаддамотӣ феҳрасти 13 дастаи мунтахабро комил мекунад ва дар даври дуввум 24 даста вориди рақобати ҷуфтӣ хоҳад шуд.

Сипас, 12 дастаи беҳтарин бар асоси қуръакашӣ ба се гурӯҳ тақсим хоҳад шуд.

Ғолибони гурӯҳҳои интихобӣ соҳиби роҳхатҳо ба Олимпиадаи Лондон мешаванд. Дастаҳое, ки ҷойҳои дуввумро мегиранд, дар сабқати изофии даврӣ дастаи ширкаткунандаи плей-оффи байниминтақавиро муайян мекунанд. Конфедератсиюни футболи Осиё дар сабқати олимпии футбол 3,5 ҷой мегирад.

XS
SM
MD
LG