Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду нукта дар Wikileaks (Феълан)


Wikileaks аз нав дар дунё ғавғои рӯзи маҳшар бапо кард. Аммо ин бор хеле бузургтар аз ончӣ бори гузашта, дар моҳи октябри соли равон карда буд. Ва хеле ҷиддитар. Ҳанӯз ҳамагӣ наздик ба 300 номаи махфӣ ва маҳрамона мунташир шуду дар зеҳни мардум таҳаввулоти беназире ҷараён дорад. Қарор аст, тадриҷан 250 000 санад дар дастраси аҳли башар қарор бигирад.

Барои бисёре аз коршиносон ҳукм кардан мушкил аст, ки ифшои асрори ҳукумат то куҷо ҷиноят буда метавонад, аммо иқдоми Wikileaks бешубҳа, чашми бисёриҳоро хоҳад кушод. Албатта, борҳо шунидаем, ки сиёсат касиф аст ва ҳам бузургворе гуфтааст, ки ба мақомот ба таври сарсупурда бовар кардан хиёнат ба хештан аст.

Бояд дид, оё аз ин ифшогариҳо, ки ҳатман ба равобити байни давлатҳо асар хоҳад гузошт, сиёсатмадорон чӣ сабақе хоҳанд гирифт. Оё аз ин пас эҳтиёткор хоҳанд шуд? Оё сиёсат поктар хоҳад гашт? Гуфтан душвор аст.

Дар ин наздик ба 300 санад, ки то 1-уми декабр ба нашр расидаанд, маводи зиёде ба Эрон, Туркия, Русия, Чин, давлатҳои араб ва Аврупо пайванд дорад. Якчанд нома марбути Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистонанд. То ҷое ки онҳоро мутолиа кардам, ду бор номи Тоҷикистон зикр шудааст.

Дар зиёфате ба шарафи шоҳзодаи инглис Эндрю дар Бишкек, рӯзи 28-уми октябри соли 2008, ин шоҳзода ҳангоми сӯҳбат аз Бозии Бузурги Нав дар Осиёи Марказӣ мегӯяд, ахиран аз раисиҷумҳури Тоҷикистон пурсидааст, ки ба афзоиши нуфузи Чин дар минтақа чӣ назар дорад. Ва гуфтааст, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин бора посухе дод, ки «ман наметавонам, онро дар ҳузури хонумҳо такрор кунам.»

Сипас, дар ин санад аз номи шоҳзода Эндрю гуфта мешавад, сарони Осиёи Марказӣ аз нуфузи Русия дар минтақа нигарон нестанд, вале аз афзоиши таъсири Чин норозӣ бошанд, ҳам маҷбуранд, онро бипазиранд.

Ҳоло бояд дид, Чин баъд аз «ҳазм»-и ончӣ дар бораи мавзеъгирияш дар баробари ҳамоиши ду Корея гуфта шудааст, ба ин нукта таваҷҷӯҳ хоҳад кард ё хайр ва оё ҳамчун яке аз бузургтарин сармоягузорони хориҷии Тоҷикистон муносибаташро ба Душанбе бетағйир идома хоҳад дод ё на.

Шояд муҳим аст, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон ба хотири ҳифзи равобити ҳасана бо ҳамсояе, ки қарор аст, тадриҷан ба бузургтарин абарқудрати ҷаҳон табдил ёбад, суханони шоҳзодаи инглисро рад кунад. Бе ин ҳам ҳазрати Эндрю аз номи дигарон чизҳое гуфтааст, ки на дар рӯи бел меистанд ва на дар рӯи каланд. Хуб, ихтиёр ба ҷаноби раисиҷумҳур аст.

Дар ҷои дигар раиси хадамоти махфии Исроил, Меир Даган, гуфтааст, далелҳое дорад, ки дар ошӯбҳои Ироқ афроди Тоҷикистон, Узбакистон, Сурия ва Яман ширкат доранд. Афсӯс, он далелҳо зикр накардааст. Агар чунин мебуд, аз дигар сарчашмаҳо ҳам кайҳо хабаре берун меомад. Вале аз сӯи дигар, маълум аст, ки Моссад яке аз қавитарин хадамоти махфии ҷаҳон аст ва шояд медонад, чаро барги дарахт меҷунбад. Ба ҳар ҳол, тоҷикон бе ин ҳам дардисари зиёде доранд ва дар Ироқ чизе гум накардаанд.

Муҳимтар аз ҳама чизи дигар, бояд бори дигар ин ҳақиқатро ҳалқаи гӯш кард, ки ҳеч сирре дар дунё ҷовидона маҳфуз нахоҳад монд. Ин сабақи дигарест барои онҳое, ки имрӯз дар Тоҷикистон “чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.”

Дар зимн, Wikileaks гуфтааст, ки дар баробари нашри номаҳои маҳрамонаи бонкдорони Амрико ба ифшои асрори раҳбарони Осиёи Марказӣ ҳам хоҳад пардохт.

Ин бардошти худро аз ифшогариҳои Wikileaks дар торнигори хеш "Нигариш ва кандуков" мунташир кардам ва рӯзи дигар як хонандаи арҷманд ин иттилоъро фиристод, ки Wikileaks номаи дигареро дар бораи Тоҷикистон нашр кардааст. Бино бар он, гӯё вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ пас аз сӯҳбати тӯлонӣ бо намояндагони Вазорати умури хориҷии Амрико изҳори омодагӣ кардааст, ки ҷои раисиҷумҳур Раҳмонро бигирад. Ва ҳам Раҳмон гӯё генерал Ғаффор Мирзоевро бо ишораи Иёлоти Муттаҳида барканор кардааст. Ин иттилоъ дар сомонаи "Сентразия.ру" бо имзои Иден Крон, шореҳи сиёсӣ аз Шведсия мунташир шудааст.

Порчаи марбут ба генерал Мирзоев дар торнамои "Русский репортер" ба нашр расидааст. Аммо ҳеҷ яке аз ин ду иттилоъро ман дар санадҳои худи Wikileaks пайдо накардам, биноан, гуфта наметавонам, ки то куҷо онҳо ҳақиқат доранд. Шакке нест, ки пас аз нашри асноди боқимондаи махфӣ ва маҳрамона рӯшан шавад, ки ин матолиби русӣ дасиса аст ё ҳақиқат.

Wikileaks то ин лаҳза аз 251 287 танҳо 485 санадро ба нашр расондааст. Вале ин имкон низ ҳаст, ки иттилои марбут ба Зарифӣ ва Мирзоев аз тарафи онҳое, ки ба номаҳо дастрасӣ доранд пеш аз вақт пахш шуда бошад.
XS
SM
MD
LG