Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев омодагиро ба қаҳрамонии Осиё-2020 шуруъ кард. Ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста, ки дар Душанбе то рӯзи 26-уми июл идома меёбад, 22 бозигар даъват шудааст.
Мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола, ки аз 14-ум то 31-уми октябри имсол дар Узбекистон баргузор мешавад, дар гурӯҳи «D» бо тимҳои Малайзия (16-уми октябр), Яман (19-уми октябр) ва Қатар (22-юми октябр) рақобат хоҳад кард.
Чаҳор дастаи беҳтарини қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонон ба қаҳрамонии ҷаҳон-2021 (U-20), ки соли оянда дар Индонезия доир мегардад, роҳхат мегиранд.
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе:
Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»), Самандар Каримов («Локомотив-Помир»);
Ҳимоятгарон: Манучеҳр Сафаров, Шаҳром Назаров (ҳарду аз «Хуҷанд»), Шоҳрух Сангов, Муҳаммад Саломзода, Исроил Холов, Маҳмуд Пиров, Ҷонибек Шарипов (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Алиҷон Кароматуллозода (ССКА);
Нимҳимоятгарон: Абдулмуъмин Забиров («Хуҷанд»), Ҳамадонӣ Камолов, Шарифбек Раҳматов (ҳарду аз «Истиқлол»), Озодбек Панҷиев, Шуҳрат Элмуродов, Нидоёр Забиров, Эмомалӣ Аҳмадхон, Муҳаммад Буризод, Умедҷон Холиқов (ҳама аз «Локомотив-Помир»);
Ҳамлагарон: Азизбек Ҳасанов, Парвиз Ҳоҷиев (ҳарду аз «Локомотив-Помир»), Суннатулло Исмоилов («Хатлон»).
Сармураббӣ – Мубин Эргашев.
Нам ЧИНОВНИКАМ не нужен чтобы Вы были босаводами моба даркорай, ки шумо хамука бессавод бошен идора кардани шумо гарени осонай ! кати иди каду картошка пиёз мегарден хурсанди када !
Салом вакте кормандо чунин рафтор мекунан худи рохбари додситони иваз шавад аз Ухдааш намебарояд ин чоро банд накарда як марди окилу доно рохбари кули додситони шавад.Нафареро аз хусумати шахси бегунох суд кардан Имруз хама чинояткорон чияни додситони кул ва дигар макомотхои органи мебошанд як руз мухтарам Чаноби олли инхоро фахмида аз кор чавоб медихаду бад санчишашон мекунад ин хукуматро хурда буд кардан Мухтарам чаноби оли бовар карда мемонад содикона кор кунед Офтобро бо доман пушонида намешавад масалан хама кормандони пурокуратура дар васточни халма 3-4 таги катеж бардоштаанд ин аз кучост чабру ситам болои мардум.
Nomi aparat ast, Kandi Lula istehsol mekuna.
Вой ба холи ин миллати бечора наход кандил хамин кадар кимат бошад
агар комментарияхои мана оходи чоп мекарда барвакт озоди ба точикистон меомад ва ин хукумати диктатори бисер вакт пеш аз байн мерафт,аммо бадбахтии асоси он аст ки озоди чоп намекунад,зеро бо хукумати диктатори хамкори дорад!бадбахтии асосии инбадбахтихо дар он аст кт тамоми инсониятро макру фиреб пахш кардааст