Пайвандҳои дастрасӣ

Се тилло -- як рӯзи бобарори варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои осиёӣ


Варзишгарони тоҷик дар рӯзи нуҳуми Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ишқободи Туркманистон, се медали тилло ба даст оварданд.

Акмалиддин Каримови 27-сола дар риштаи самбо дар вазни 57 килограм дар сабқати ниҳоӣ ҳарифаш Чимеддорҷ Марал-Ердене аз Муғулистонро мағлуб кард ва соҳиби медали тилло шуд.​

Варзишгари дигари тоҷик Мижгона Самадоваи 19-сола дар вазни 60 килограм дар риштаи кикбоксинг, барандаи медали тилло гардид. Ӯ дар сабқати ниҳоӣ ҳарифи худ аз Туркманистон Гулзода Ҷурақулиеваро шикаст дод ва барои Тоҷикистон дувумин медали тиллои ин мусобиқаи бонуфузи осиёиро ба армуғон овард.

Ду варзишгари тоҷик -- Беҳрузи Хоҷазода ва Мубориз Мунавваров дар сабқати ниҳоӣ дар вазни 74 килограм дар риштаи самбо, бо ҳам рақобат карданд. Дар ин сабқат Беҳрӯз Хоҷазода Мубориз Мунавваровро мағлуб намуд ва медали тиллоро аз худ кард. Мубориз Мунавваров соҳиби медали нуқра шуд.

Ба ин тартиб, дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар нӯҳ рӯзи Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ишқободи Туркманистон 45 медал гирифтааст, дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷойи ---16-ум қарор дорад.

Дар ин бозиҳо мизбонон – варзишгарони туркман - пешсафанд. Мунтахаби Туркманистон ҳамагӣ 220 медал (83 тилло, 60 нуқра ва 77 биринҷӣ) ба даст овардааст. Чин бо касби 74 медал (32 тилло, 22 нуқра ва 20 биринҷӣ) мақоми дувум ва Ҷумҳурии исломии Эрон бо 95 медал (23 тилло, 18 нуқра ва 54 биринҷӣ) ҷои савумро соҳиб шудаанд.

Тоҷикистонро дар ин бозиҳо беш аз 120 варзишгар дар 15 намуд намояндагӣ мекунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG