Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) санаи баргузории бозӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии футболи кишварро дар соли 2020 тасдиқ кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, бозӣ барои Ҷоми олӣ миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон, рӯзи 4-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.
Суперҷоми Тоҷикистон сар аз соли 2010 барои бори ёздаҳум доир мегардад. Аввалин бозӣ барои Ҷоми олӣ соли 2010 дар шаҳри Турсунзода баргузор шуда буд. Баъдан беҳтарин дастаҳои кишвар барои Ҷоми олӣ дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа (2011), Ваҳдат (2012), Кӯлоб (2013), Душанбе (2014, 2015, 2019), Турсунзода (2016) ва Ҳисор (2017, 2018) мубориза бурданд.
Ҳамагӣ се даста Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст. «Истиқлол» ҳашт бор (солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018 ва 2019) Ҷоми олиро соҳиб шудааст.
Дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва “Ҳосилот”-и Фархор якборӣ дар бозӣ барои Ҷоми олӣ баранда шудаанд. “Равшан” соли 2013 дар майдони худ бар «Регар-ТадАЗ» (2:1) ва “Ҳосилот” соли 2017 дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бар «Истиқлол» (2:1) ғалаба кардаанд.
Соли гузашта «Истиқлол» дар бозӣ барои Суперҷом, ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, бар «Хуҷанд» бо ҳисоби 3:0 ғолиб омада буд.
Суперҷоми Тоҷикистон - 2020
4-уми апрел (шанбе)
Оғози бозӣ – соати 17:00
«Истиқлол» – «Хуҷанд»
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
Натоиҷи ҳамаи бозиҳои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2019):
2010 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2
2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2013 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2014 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 4:3
2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
2017 - «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:2
2018 - «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
2019 - «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:0
Ба дузди мутахахам авф мешудасту мо ки 55 сомон андоз буд 109 сомон шид. Офарин ба шумо
И хукумати худкомаи рахмонуф лубой тухмату бухтонда устухон надора. Наход барои ичозати митинг 15 зиндон????
Ба Беном: Ту худат киӣ, ки аз номи Аллоҳ гап мезанӣ, магар бо Вайбер бо Аллоҳ гап задӣ?????
Дар чумхурии мо мардум дар азобан аз паси пасандозшон. Албата хайрон мешавед. Ба монанди Точиксодиротбонк ва Агроинвестбонк ки аз беназорати ва хешутаборбози милиардхои мардум ба ягмо рафт. Боз рохат дар хамонхо пули мардумро хурданду гурехта ба Россияю дигар давлатхо рафтанд боз рохат карда гаштиян. Ин халки мо дар азоб. Ягон кас парвои халка надора. Аз хисоби мухочират дар Россия пул чам карда оварда пасандоз кардан ки дар очнда даркор мешава. И раисои бонкхои мо аз хисоби мухочирон миллионер шуданд. Дар хами Точикистон кор куни дар як сол 100$ пасандоз карда мешавад??????????????????
Чи кунем акнун дар насибамон ҳамин хел сарвари динситез будаст. Сабр ва дуо кардан даркор.