Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали Шоҳрух Саидов дар сабқати "Children of Asia"


Шоҳрух Саидов, варзишгари навраси тоҷик, дар Бозиҳои VI байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё» дар Ёқутистони Русия барандаи медали нуқра гардид.

Вай дар мусобиқаи гуштии озод дар вазни 35 килограмм мақоми дувумро касб кард. Дар ин бора рӯзи 7 июл ба “Озодӣ” сардори шуъбаи варзиши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Маҳмуд Абдуллоев, ки раҳбари ҳайати варзишии кишвар мебошад, хабар дод.

“Дар Бозиҳои VI байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё», ки 6 июл дар шаҳри Якутски Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон)-и Русия шуруъ шуданд, беш аз 3300 варзишгари наврас аз 38 кишвар ширкат доранд. Ба барномаи бозиҳо 22 намуди варзиш дохил аcт. Дар ин Бозиҳо беш аз 20 варзишгари навраси тоҷик дар мусобиқот аз рӯи бокс (писарону духтарон), гуштии озод, самбо ва ҷудо иштирок мекунанд”, - иброз дошт Маҳмуд Абдуллоев.

Дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои VI байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё» нахуствазири Русия Дмитрий Медведев иштирокдоронро табрик намуда, гуфт, “соли ҷорӣ мо 20-солагии “Бачагони Осиё”-ро ҷашн мегирем, ки ин синни муътабар аст. Ин Бозиҳо мақоми хоса доранд, зеро ки таҳти сарпарастии Кумитаи байналмилалии олимпӣ доир мешаванд. Русия бо Бозиҳо ифтихор дорад. “Бачагони Осиё” ин шанси беҳтарин барои варзишгарони наврас ҷиҳати нишон додани қобилияти худ мебошад. Ҳамаи наврасон аз санҷиши интихобӣ ба таври ҷиддӣ гузашта, худро ҳамчун варзишгарони ҳақиқӣ нишон доданд. Дар пеш 12 рӯзи мусобиқот аст ва ман орзу мекунам, ки шиори маълуми олимпӣ “Тезтар, баландтар, қавитар!” дар ҳаёт татбиқ шавад.”

Бояд гуфт, ки Бозиҳои байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё» бо ибтикори аввалин президенти Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон) Михаил Николаев сар аз соли 1996 барои шашумин бор баргузор мешаванд.

Барои ширкат дар ин Бозиҳо дастаҳои мунтахаби кишварҳое, ки аъзои Шӯрои олимпии Осиё ҳастанд, инчунин минтақаҳои Русия даъват шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар Бозиҳо дастаи мунтахаби шаҳри Олимпи Қадимаи Ҷумҳурии Юнон иштирок мекунад.

XS
SM
MD
LG