Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нотаи Тоҷикистон ба насби парчами Қирғизистон дар Овчӣ-Қалъача


Тоҷикистон хостори муҷозоти онҳое шудааст, ки бар боми хонаи шаҳрвандони тоҷик дар ҳудуди ҷамаоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парчами Қирғизистонро насб кардаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз насби парчами Қирғизистон бар боми хонаи шаҳрвандони тоҷик дар ҳудуди ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нигаронӣ карда, ба мақомоти Қирғизистон нота ё ёддошти эътирозӣ фиристодааст. Дар ин бора дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон рӯзи 9 феврал хабар дод. Ба иттилои манбаъ, дар ин ёддошт аз вуруди ғайриқонунии раҳбари яке аз деҳаҳои наздимарзии Қирғизистон ва сарҳадбонҳои он кишвар ба ҳудуди рустои ба номи Ҳалим Бобоеви ҷамоати Овчӣ-Қалъача нигаронӣ шудааст.

Ҷониби Тоҷикистон талаб кардааст, ки Қирғизистон вобаста ба ин қазия тафтишоти мунсифона барад ва омилонашро ба ҷавобгарӣ бикашад. Инчунин, дар ин ёддошт аз ҷониби Қирғизистон хоста шудааст, ки дар оянда аз ҳамагуна худсариҳо ҷилавгирӣ намояд.

Тақрибан 30-40 марзбони қирғиз рӯзи 6 феврал вориди хоки Тоҷикистон шуда, дар болои манзили зисти Муҳаммадалӣ Абдулвалиев ва Абдуғаффор Ҷалолов - сокинони ҷамоати Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - парчами кишварашонро насб кардаанд. Шоҳидони айнӣ рӯзи 7 феврал дар сӯҳбат бо Озодӣ дар бораи ин ҳодиса хабар дода ва гуфтанд, ки марзбонҳои қирғиз иддао кардаанд, манзили Муҳаммадалӣ Абдувалиев дар хоки Қирғизистон аст ва соҳибаш бояд онро холӣ кунад.

Сокинони маҳалли наздимарзӣ мегӯянд, сарҳадбонҳои қирғиз, инчунин, ба хонаи сокини дигари Овчи Қалъача Абдуғаффор Ҷалолов, ки дар назди обанбори ин маҳал зиндагӣ мекунад, нимарӯзи 6 феврал парчам насб кардаанд.

Аммо дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи 8 феврал дар як иттилоияи расмӣ гуфт, марзбонони қирғиз парчами ин кишварро дар боми манзиле насб кардаанд, ки ба як шаҳрванди Қирғизистон тааллуқ дорад ва соҳибаш ин манзилро муваққатан ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷора додааст.

Ба гуфтаи марзбонони қирғиз, ин манзил дар ҳудуди рустои Мақсати ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд ҷойгир шудааст, на дар ҳудуди ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи Тоҷикистон. Ба иддаои ин ниҳод, бар асоси харитаи солҳои 1958-1959, ин манзил қаламрави Қирғизистон аст.

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз 970 километр тӯли умумиаш то имрӯз танҳо ҳудуди 519 километараш аломатгузорӣ шудааст, сари ҳар чанд вақт моҷароҳое барои дастрасӣ ба обу замин ва чарогоҳҳо бармехезад. Дар солҳои гузашта дар чандин чунин ихтилофҳо чандин нафар кушта шуд ва даҳҳо нафар аз ҳарду тараф маҷрӯҳ гардиданд.

XS
SM
MD
LG