Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вахш" аз "Истиқлол" ва "Барқчӣ" аз "Регар" шикаст хӯрданд


Давраи севуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ 3-юми август бо ду бозии даври 15-ум оғоз ёфт.

«Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бар «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро легионери русиягӣ Дмитрий Барков дар дақиқаи 52-юм ба ҳадаф расонд.

Дар бозии дигар низ «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар майдони худ «Барқчӣ»-и Ҳисорро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Тӯбро нимҳимоятгари меҳмонон Саидмухтор Азимов дар дақиқаи 28-ум ба дарвозаи дастааш зад.

Дар ду бозии дигари даври понздаҳум, ки рӯзи шанбе, 5-уми август, барпо мегардад, «Ҳосилот»-и Фархор дар майдони худ бо ССКА «Помир»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо дастаи меҳмон - «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ - рақобат мекунанд.

Дар ҳамин ҳол дастаи “Истиқлол”, ки дар 14 бозӣ 36 имтиёз ба даст овардааст, дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. Дастаи «Хуҷанд» бо 24 имтиёз дар зинаи дувум ва ССКА «Помир» бо 22 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд.

Дар байни нишонзанҳо ҳамлагари «Истиқлол» Манучеҳр Ҷалилов, ки 13 гол задааст, дар ҷойи аввал мебошад. Ду ҷойи баъдиро ҳамлагарони «Хуҷанд» Дилшод Бозоров (8 гол) ва Фарҳод Тоҳиров (7 гол) ишғол кардаанд.

Бояд тазаккур дод, мусобиқаи имсола миёни дастаҳои лигаи олӣ дар шакли нав сурат гирифтааст. Мусобиқа аз се давра иборат аст ва ҳар як даста ҳамагӣ 21 бозӣ анҷом медиҳад. Бар асоси дастури мусобиқа дастае, ки дар зинаи охирин, яъне ҳаштум қарор мегирад, лигаи олиро тарк менамояд. Дастае, ки мақоми пеш аз охирин, яъне ҳафтумро соҳиб мешавад, барои нигоҳ доштани мавқеаш дар лигаи олӣ бо ҷоизадори нуқраи лигаи аввал ду бозӣ анҷом хоҳад дод.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 15-ум

«Регар-ТадАЗ» – «Барқчӣ» – 1:0

Гол: Саидмухтор Азимов, 28 – ба дарвозаи худ.

Огоҳонида шуданд: Миралӣ Муродов («Регар-ТадАЗ»), Мӯҳсинҷон Парпиев, Зиёвуддин Фузайлов, Ҳусейн Нурматов («Барқчӣ»).

Бозигари беҳтарини вохӯрӣ: Хуршед Маҳмудов («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

3 август. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 1500 тамошогар.

«Истиқлол» – «Вахш» – 1:0

Гол: Дмитрий Барков, 52.

Огоҳонида шуданд: Александр Стетсенко («Истиқлол»), Ҳасан Рустамов, Алишер Баротов («Вахш»).

Бозигари беҳтарини вохӯрӣ: Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

3 август. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 1500 тамошогар.

5 август (шанбе)

Оғози бозиҳо соати 17:30

«Ҳосилот» – ССКА «Помир»

Сардовар: Умед Раҳимов (Қӯрғонтеппа).

Фархор, Варзишгоҳи марказӣ

«Хуҷанд» – «Панҷшер»

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

14

11

3

0

43-7

36

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

14

7

3

4

28-12

24

3

ССКА «Помир» (Душанбе)

14

5

7

2

10-8

22

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

15

4

5

6

10-15

17

5

«Барқчӣ» (Ҳисор)

14

4

4

6

9-16

16

6

«Ҳосилот» (Фархор)

14

4

3

7

13-29

15

7

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

14

4

2

8

17-28

14

8

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

15

2

5

8

9-24

11

XS
SM
MD
LG