Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА ду зина боло рафт


Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА ду зина боло рафт ва ҳоло дар мақоми 134-ум қарор дорад.

Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии нави ФИФА (Федератсиони байналмилалии футбол), ки рӯзи 23-юми октябр нашр шудааст, бо 214 имтиёз ду зина боло рафт ва дар мақоми 134-ум қарор дорад.

Мунтахаби Олмон дар феҳристи нави ФИФА дар байни 209 тими миллӣ дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Аргентина дар ҷойи дувум ва тими Колумбия дар ҷойи севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Белгия, Ҳолланд, Бразилия, Фаронса, Уругвай, Португалия ва Испания ҷойгир шудаанд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар байни 46 дастаи миллии кишварҳои Осиё ду зина боло - ба ҷойи 18-ум - баромад. Дар ин қора тими миллии Ҷопон пешқадам аст. Мунтахаби Узбакистон дар ҷойи дувум ва тими миллии Кореяи Ҷанубӣ дар ҷойи севум мебошанд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ танҳо аз Туркманистон (138) ва Қирғизистон (150) боло ҷойгир шудааст.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013-ум мебошад.

Рейтинги ФИФА (23 октябр):

1 (1). Олмон – 1669 (1765)
2 (2). Аргентина – 1565 (1621)
3 (3). Колумбия – 1420 (1488)
4 (5). Белгия – 1388 (1444)
5 (4). Ҳолланд – 1375 (1456)
6 (6). Бразилия – 1307 (1291)
7 (9). Фаронса – 1191 (1202)
8 (7). Уругвай – 1184 (1243)
9 (11). Португалия – 1175 (1150)
10 (8). Испания – 1119 (1228)
…19 (24). Украина – 920 (855)
… 30 (23). Русия – 792 (875)
… 65 (58). Узбакистон – 498 (530)
… 75 (52). Арманистон – 432 (556)
… 88 (81). Эстония – 369 (403)
… 92 (103). Литва – 364 (309)
… 99 (99). Латвия – 340 (333)
… 117 (110). Гурҷистон – 271 (290)
… 119 (105). Молдова – 262 (302)
… 126 (95). Озарбойҷон – 233 (344)
… 132 (127). Қазоқистон – 218 (239)
… 134 (136). Тоҷикистон – 214 (213)
… 138 (141). Туркманистон – 197 (197)
… 150 (151). Қирғизистон – 158 (158)

XS
SM
MD
LG