Тоҷикистон назорат аз болои сармоягузорони хориҷиро, ки ширкатҳояшонро дар минтақаи оффшор сабтином карда, вориди кишвар шудаанд, шиддат хоҳад бахшид. Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, рӯзи 6 апрел дар Маҷлиси Намояндагон гуфт, бояд ҳамаи сармоягузорони хориҷӣ асноди дақиқро дар бораи шахсият ва минтақаи сабтиноми ширкатҳояшон пешниҳод кунанд.
Ӯ гуфт, "ҷараёни сабтиноми соҳибкорон дар Тоҷикистон содда аст ва бархе аз сармоягузорони хориҷӣ барои иҷрои тарҳҳояшон ва махсусан гурез аз андоз аз ин раванд суистифода мекунанд."
Аз ин пеш дар моҳи январи соли ҷорӣ мақомоти Кумитаи андози Тоҷикистон гуфта буданд, ки ширкатҳои оффшориро аз имтиёзҳои андоз маҳрум мекунанд. Як мақоми ин кумита гуфт, аксар сармоягузороне, ки ба Тоҷикистон сармоя ворид мекунанд, маҳз тариқи ширкатҳои оффшорӣ тарҳҳои худро дар ин ҷо пиёда месозанд.
Муносибат ба ширкатҳои оффшорӣ дар паҳнои кишварҳои пасошӯравӣ маъмулан манфӣ шакл гирифтааст. Дар Тоҷикистон ҳам аксар бар ин назаранд, ки моликони ширкатҳои оффшорӣ ба ин тариқ пулҳои аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардаашонро аз кишвар берун мекашанд.
Аммо раиси қаблии Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов дар яке аз нишастҳои матбуотӣ гуфта буд, "пулҳое, ки аз Тоҷикистон дар минтақаҳои оффшор гузошта шудаанд, на ҳатман ба маъноест, ки онҳо аз роҳҳои ғайриқонунӣ ба даст омадаанд".
Бо вуҷуди он ки мақомоти Тоҷикистон теъдоди ширкатҳои оффшорӣ, моликони аслӣ ва маблағҳои аз Тоҷикистон ба ин қабил минтақаҳо ирсолшударо аз матбуот пинҳон медоранд, аммо охири соли 2013 маркази таҳқиқотии Tax Justice Network сармояҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаҳои оффшорро аз 2,5 то 3,5 миллиард доллар рақам зада буд.
"Офшор", яъне берун аз соҳил ё ба маънои "ҷазира" - манотиқи хурдест, ки ба соҳибкорон имкон медиҳад, сармояи худро дар он ҷо махфӣ ва аз андоз эмин нигоҳ доранд. Бузургтарин манотиқи офшорӣ дар Швейтсария, Люксембург, Бритониё, Амрико ва Сингапур воқеъ буда, дар маҷмӯъ дар ҷаҳон 70 минтақаи офшорӣ вуҷуд дорад, ки ба афроди сарватманд ва ширкатҳои бузург кумак мекунанд, то бо ҳиллаҳои гуногун аз пардохти молиёт сар печанд.