Пайвандҳои дастрасӣ

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз Афғонистон шикаст хӯрд


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон дар аввалин бозиаш дар мусобиқаи байналмилалӣ миёни наврасони то 15-сола бо номи «CAFA Under-15 Boys Tournament 2017» аз тими наврасони Афғонистон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.

Ин бозӣ шаби душанбеи 3-юми июл дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд. Фардин Носирӣ, бозигари мунтахаби Афғонистон, дар дақиқаи дувум ҳисобро боз кард. Файзиддин Назаров, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон, дар дақиқаи 41-ум ҳисобро баробар намуд. Дар нимаи дувуми дидор Сайид Ҳусайнӣ ба дарвозаи мизбонон ду гол зад. Ҳамин тариқ, бозӣ бо пирӯзии мунтахаби наврасони Афғонистон бо ҳисоби 3:1 анҷом ёфт.

Дар бозии дигари даври аввал мунтахаби наврасони Узбакистон дастаи Қирғизистонро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. Ба ин тартиб, дар ҷадвали мусобиқа тимҳои Афғонистон ва Узбакистон бо сеимтиёзӣ пешсафанд. Вале дастаҳои Қирғизистону Тоҷикистон имтиёз ба даст наовардаанд. Мунтахаби Туркманистон ҳанӯз бозӣ анҷом надодааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин мусобиқа, ки таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор шудааст, дастаҳои мунтахаби наврасони панҷ кишвар – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон - то рӯзи 8-уми июл рақобат мекунанд.

Мусобиқа аз рӯи системи даврӣ аз як давра иборат аст. Ғолиб аз рӯи имтиёзҳои зиёди ба даст овардааш маълум мешавад. Дар ин мусобиқа боз ҳашт бозӣ барпо мегардад.

Имрӯз, 4-уми июл, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор ду бозӣ миёни дастаҳои Қирғизистон – Афғонистон (соати 18) ва Узбакистон – Туркманистон (соати 21) баргузор мешавад.

«CAFA Boys U-15 Tournament 2017»

Даври 1-ум

Афғонистон – Тоҷикистон – 3:1

Голҳо: Фардин Носирӣ, 2 (1:0). Файзиддин Назаров, 41 (1:1). Сайид Ҳусайнӣ, 83 (2:1). Сайид Ҳусайнӣ, 90+6 (3:1).

Сардовар: Ҷасур Мухторов (Узбакистон).

Ёварони сардовар: Бахтиёр Шавкатов, Султонмурод Улфатов (ҳарду – Узбакистон).

Довари эҳтиётӣ: Спартак Даниленко (Қирғизистон).

3 июл. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 500 тамошогар.

Қирғизистон – Узбакистан – 1:2

Голҳо: Ҷавоҳир Абдуалимов, 21 (0:1). Бекзод Кенҷабеков, 48 (1:1). Бурон Мирзосалимов, 69 (1:2).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Тоҷикистон).

Ёварони сардовар: Хусрави Сиддиқзод, Акмал Бӯриев (ҳарду – Тоҷикистон).

Довари эҳтиётӣ: Ҳалим Шерзод (Афғонистон).

3 июл. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 200 тамошогар.

Тақвими бозиҳои мусобиқаи «CAFA Under-15 Boys Tournament 2017»

Даври 1-ум

3 июл (душанбе)

Қирғизистон – Узбакистон -1:2

Афғонистон – Тоҷикистон – 3:1

Даври 2-юм

4 июл (сешанбе)

18:00 – Қирғизистон – Афғонистон

21:00 – Узбакистон – Туркманистон

Даври 3-юм

5 июл (чоршанбе)

18:00 – Туркманистон – Қирғизистон

21:00 – Тоҷикистон – Узбакистон

Даври 4-ум

7 июл (ҷумъа)

18:00 – Афғонистон – Туркманистон

21:00 – Тоҷикистон – Қирғизистон

Даври 5-ум

8 июл (шанбе)

18:00 – Узбакистон – Афғонистон

21:00 – Туркманистон – Тоҷикистон

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG