Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон ба дарвозаи Непал се голи беҷавоб зад


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври чаҳоруми марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Осиё-2019 бар тими миллии Непал бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Ин бозии гурӯҳи “F” шаби сешанбеи 10-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо гардид.

Ҳарсе гол ба дарвозаи мунтахаби Непал аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метрӣ зада шуд. Ҳисобро нимҳимоятгар Нуриддин Давронов дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 20-ум, боз кард. Голи дувумро низ легионер Парвизҷон Умарбоев, нимҳимоятгари «Локомотив»-и Пловдив-и Булғористон, дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 60-ум, ба дарвозаи мунтахаби Непал аз пеналтӣ зад. Голи севуми мизбононро Манучеҳр Ҷалилов ҳам дар дақиқаи 88-ум аз пеналтӣ ба ҳадаф расонд.

Бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Непалро ҳакамон аз Эрон доварӣ карданд. Довари ФИФА Моуд Бунёдифард сардовар, Солеҳ Муҳаммад Абдулло Ҳасан аз Имороти Муттаҳидаи Араб нозири доварон ва Чан Лок Вун аз Ҳонконг комиссари ин бозӣ буданд.

Бозии дигари даври чаҳоруми марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи “F” миёни дастаҳои мунтахаби Яман ва Филиппин шаби 10-уми октябр бо натиҷаи мусовии 1:1 ба поён расид.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозиашро дар рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми Осиё-2019 ба мунтахаби Яман дар сафар бо ҳисоби 1:2 бохта буд. Футболбозони тоҷик дар бозии дувумашон дар майдони худ аз мунтахаби Филиппин бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрда буданд. Мунтахаби Тоҷикистон дар даври севум дар меҳмонӣ бар тими миллии Непал бо ҳисоби 2:1 ғолиб омадааст.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври чаҳоруми мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи “F” мунтахаби Филиппин бо 8 имтиёз аз 4 бозӣ (таносуби тӯбҳо – 11-7) мақоми аввалро касб кардааст. Дастаи Яман бо 6 имтиёз аз 4 бозӣ (таносуби тӯбҳо – 5-4) дар ҷойи дувум қарор дорад. Мунтахаби Тоҷикистон бо 6 имтиёз аз 4 бозӣ (таносуби тӯбҳо – 9-7) дар ҷойи севум мебошад. Мунтахаби Непал бо як имтиёз аз 4 бозӣ (таносуби тӯбҳо – 2-9) дар зинаи охирин – чаҳорум - ҷойгир шудааст.

Ҷоми Осиё-2019

Мусобиқаи интихобӣ. Гурӯҳи «F». Даври 4-ум

ТоҷикистонНепал – 3:0

Голҳо: Нуриддин Давронов, 20 – аз пеналтӣ (1:0). Парвизҷон Умарбоев, 60 – аз пеналтӣ (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 87 – аз пеналтӣ (3:0).

Тоҷикистон: Абдуазиз Маҳкамов, Сиёвуш Асроров, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров, Ромиш Ҷалилов, Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Алиев (Искандар Ҷалилов, 46), Парвизҷон Умарбоев (Шериддин Бобоев, 80), Дилшод Восиев (Эҳсони Панҷшанбе, 46), Манучеҳр Ҷалилов.

Сардовар: Моуд Бунёдифард (Эрон).

10 октябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 12 000 тамошогар.

Бозиҳои ду даври боқимондаи гурӯҳи “F”

Даври 5-ум

14 ноябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Яман

Непал – Филиппин

Даври 6-ум

27 марти соли 2018 (сешанбе)

Филиппин – Тоҷикистон

Яман – Непал

Бояд тазаккур дод, дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 ҳамагӣ 24 даста дар шаш гурӯҳ барои роҳхатҳо ба марҳилаи ниҳоӣ мубориза мебарад. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 роҳ ёфта, ба дувоздаҳ дастаи беҳтарин - Австралия, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Узбакистон, Ироқ, Қатар, Сурия, Тайланд, Чин, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб – ҳамроҳ мешаванд.

Мусобиқаи гурӯҳии интихобии Ҷоми Осиё-2019 то 27-уми марти соли 2018 идома хоҳад кард. Ҳар як даста дар марҳилаи интихобӣ ҳамагӣ шаш бозӣ – 3-тоаш дар хона ва 3-тоаш дар меҳмонӣ – анҷом медиҳад.

XS
SM
MD
LG