Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври севуми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 бар тими миллии Непал бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Ин бозии гурӯҳи “F” имрӯз, 5-уми сентябр, дар шаҳри Катманду баргузор шуд.
Ҳисобро дар дақиқаи 25-ум Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон, боз кард. Баъди панҷ дақиқа голи дувуми меҳмононро Дилшод Восиев ба ҳадаф расонд. Дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 61-ум, тӯбро бозигари мизбонон Бимал Ғартӣ Магар ба дарвозаи меҳмонон зада, ҳисобро тағйир дод.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар нимаи аввали бозӣ чунин буд: Абдуазиз Маҳкамов, Сиёвуш Асроров, Искандар Ҷалилов, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров, Парвизҷон Умарбоев, Ҷаҳонгир Алиев, Амирбек Ҷӯрабоев, Фатҳулло Фатҳуллоев (капитан), Дилшод Восиев, Манучеҳр Ҷалилов.
Дар нимаи дувуми дидор се бозигари ҷавон - Эҳсони Панҷшанбе, Фирдавс Чақалов ва Муҳаммадҷони Ҳасан - футболбозони пуртаҷриба - Дилшод Восиев, Давронҷон Эргашев ва Фатҳулло Фатҳуллоевро иваз карданд.
Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов чаҳор легионер – дарвозабон Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), ҳимоятгарон Искандар Ҷалилов («Балтика», Русия) ва Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), инчунин нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон) – бозӣ карданд. Эргашев ба иллати латхӯрӣ дар дақиқаи 72-юм майдонро тарк намуд.
Дар бозии дигари гурӯҳи “F” мунтахаби Филиппин 5-уми сентябр бозиро дар майдони худ бо дастаи Яман бо ҳисоби мусовии 2-2 анҷом дод.
Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври севуми мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи “F” мунтахаби Филиппин бо 7 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 10-6) мақоми аввалро касб кардааст. Дастаи Яман бо 5 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 4-3) дар ҷойи дувум қарор дорад. Мунтахаби Тоҷикистон бо 3 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 6-7) дар ҷойи севум мебошад. Дастаи Непал бо як имтиёз (таносуби тӯбҳо – 2-6) дар зинаи охирин – чаҳорум - ҷойгир шудааст.
Мунтахаби Тоҷикистон бозии навбатиашро дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 рӯзи 10-уми октябр дар майдони худ муқобили дастаи Непал анҷом медиҳад.
Ҷоми Осиё-2019
Мусобиқаи интихобӣ. Гурӯҳи «F». Даври 3-юм
Непал – Тоҷикистон – 1:2
Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 25 (0:1). Дилшод Восиев, 30 (0:2). Бимал Ғартӣ Магар, 61 (1:2).
Огоҳонида шуданд: Бикрам Лама (Непал), Парвизҷон Умарбоев, Фирдавс Чақалов, Амирбек Ҷӯрабоев (Тоҷикистон).
Сардовар: Муҳаммад Халид Ал-Хоиш (Арабистони Саудӣ).
5 сентябр. Катманду. Варзишгоҳи Ассотсиатсияи футболи Непал. 1200 тамошобин.
Бояд тазаккур дод, дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 ҳамагӣ 24 даста дар шаш гурӯҳ барои роҳхатҳо ба марҳилаи ниҳоӣ мубориза мебарад. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 роҳ ёфта, ба дувоздаҳ дастаи беҳтарин - Австралия, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Узбакистон, Ироқ, Қатар, Сурия, Тайланд, Чин, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб – ҳамроҳ мешаванд.
Мусобиқаи гурӯҳии интихобии Ҷоми Осиё-2019 то 27-уми марти соли 2018 идома хоҳад кард. Ҳар як даста дар марҳилаи интихобӣ ҳамагӣ шаш бозӣ – 3-тоаш дар хона ва 3-тоаш дар меҳмонӣ – анҷом медиҳад.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозиашро дар рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми Осиё-2019 ба мунтахаби Яман бо ҳисоби 1:2 бохта буд. Ин бозии даври аввали гурӯҳи “F” 28 март дар пойтахти Қатар – Доҳа, дар варзишгоҳи Суҳейм Бин Ҳамад, ки мизбонии онро мунтахаби Яман бар ӯҳда дошт, барпо гардид. Футболбозони тоҷик дар бозии дувумашон, ки 13-уми июн дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, аз мунтахаби Филиппин бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрда буданд.
Бозиҳои боқимондаи гурӯҳи «F»
Даври 4-ум
10 октябр (сешанбе)
Тоҷикистон – Непал
Яман – Филиппин
Даври 5-ум
14 ноябр (сешанбе)
Тоҷикистон – Яман
Непал – Филиппин
Даври 6-ум
27 марти соли 2018 (сешанбе)
Филиппин – Тоҷикистон
Яман – Непал