Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон, ки дар бозии севумаш дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони зери 16-сола тими Умонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, дар гурӯҳи “В” ғолиб шуд ва ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфт.

Ин бозии даври охирини мусобиқаи гурӯҳи “В” шаби якшанбеи 24-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуд. Голи ягонаро Исроил Холов дар дақиқаи 76-уми дидор ба ҳадаф расонд.

Пеш аз ин бозӣ дастаҳои мунтахаби наврасони Сурия ва Молдив рақобат карданд. Суриягиҳо ба дарвозаи молдивиҳо шаш голи беҷавоб заданд.

Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони зери 16-сола

Гурӯҳи «В». Даври 3-юм

Умон – Тоҷикистон – 0:1

Гол: Исроил Холов, 76.

Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Ҷонибек Шарифов, Муҳаммадрасул Лутфуллоев, Шаҳром Назаров, Эмомалӣ Аҳмадхон, Нидоёр Забиров, Ислом Зоиров, Шоҳрух Сангов, Шарифбек Раҳматов, Азизбек Ҳасанов (Рустам Соиров, 46), Исроил Холов.

Огоҳонида шуданд: Ваил Сулаймон Ал-Хартхӣ, Мулҳам Юсуф Ал-Синаидӣ (Умон), Азизбек Ҳасанов, Шоҳрух Қирғизбоев (Тоҷикистон).

Аз майдон хориҷ шуд: Эмомалӣ Аҳмадхон (Тоҷикистон), 90+4 – корти 2-юми зард.

Бозигари беҳтарини ин вохӯрӣ: Исроил Холов (Тоҷикистон).

Сардовар: Ким Хи Гон (Кореяи Ҷанубӣ).

Комиссари бозӣ: Рашид Ал-Досарӣ (Қатар).

24 сентябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 2300 тамошогар.

Сурия – Молдив – 6:0

Голҳо: Умар Нагҳнугҳ, 7 (1:0). Муҳаммад Маатоук, 14 (2:0). Ясин Або Крш, 33 (3:0). Абдулраҳмон Ал-Хатиб, 46 (4:0). Аҳмад Хатим, 58 (5:0). Аҳмад Амара, 90+4 – аз пеналтӣ (6:0).

Сардовар: Моуд Бонядифард (Эрон).

Комиссари бозӣ: Рашид Ал-Досарӣ (Қатар).

24 сентябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 100 тамошогар.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов, ки дар ҳарсе бозиаш бар тимҳои Сурия (2:0), Молдив (14:0) ва Умон (1:0) пирӯз шуд, бо 9 имтиёз дар ҷадвали мусобиқаи гурӯҳи “В” мақоми аввалро касб намуд. Мунтахаби Умон бо 6 имтиёз дувум, тими Сурия бо 3 имтиёз севум шуданд. Вале дастаи Молдив бидуни имтиёз дар ҷойи охирин қарор гирифт.

Ба ин тартиб, дастаи ғолиби гурӯҳи “В” – мунтахаби наврасони Тоҷикистон - ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё миёни бозигарони зери 16-сола, ки аз 20-уми сентябр то 7-уми октябри соли оянда дар Малайзия баргузор мешавад, роҳ ёфт.

Бар асоси дастури мусобиқа боз ҳашт дастаи ғолиби гурӯҳҳои дигари интихобӣ – Урдун (гурӯҳи «A»), Эрон (гурӯҳи «С»), Ироқ (гурӯҳи «D»), Яман (гурӯҳи «E»), Кореяи Шимолӣ (гурӯҳи«F»), Индонезия (гурӯҳи «G»), Австралия (гурӯҳи «I») ва Ҷопон (гурӯҳи «J») – ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 роҳхат гирифтанд.

Инчунин ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот чаҳор дастаи ҷойҳои дувум аз рӯи нишондодҳои беҳтарин - Умон (гурӯҳи «B»), Ҳиндустон (гурӯҳи «D»), Тайланд (гурӯҳи «G») ва Ветнам (гурӯҳи «I») – ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 мушарраф шуданд.

Боз ду дастаи ширкаткунандаи марҳилаи ниҳоӣ баъди натиҷагирии мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи «Н», ки аз 25-ум то 29-уми сентябр бо ширкати дастаҳои мунтахаби наврасони Кореяи Ҷанубӣ, Филиппин, Чин ва Мянмар барпо мегардад, маълум хоҳад шуд. Зимнан, мунтахаби Афғонистон, ки дар гурӯҳи «С» мақоми дувумро касб намуд, ҳанӯз шонси ба марҳилаи ниҳоӣ баромаданро аз даст надодааст ва он аз натиҷагирии мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи “Н” бастагӣ дорад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни наврасони зери 16-сола

Сабқати интихобӣ. Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

20 сентябр (чоршанбе)

Умон – Молдив – 8:0

Тоҷикистон – Сурия – 2:0

Даври 2-юм

22 сентябр (ҷумъа)

Сурия – Умон – 0:6

Молдив – Тоҷикистон – 0:14

Даври 3-юм

24 сентябр (якшанбе)

Сурия – Молдив – 6:0

Умон – Тоҷикистон – 0:1

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тоҷикистон

3

3

0

0

17-0

9

2

Умон

3

2

0

1

14-1

6

3

Сурия

3

1

0

2

6-8

3

4

Молдив

3

0

0

3

0-28

0

XS
SM
MD
LG