Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз Испания


Имрӯз, 22 июн, мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар Ҷоми президенти Қазоқистон аз тими Испания бо ҳисоби 0-3 шикаст хӯрд.

Мунтахаби наврасони футболи зери 16-солаи Тоҷикистон имрӯз, 22 июн, дар нахустин даври мусобиқаи 8-уми байналмилалӣ барои Ҷоми президенти Қазоқистон дар Остона аз тими Испания бо ҳисоби 0-3 мағлуб гашт. Миян Алехандро дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 13-ум, ҳисобро боз кард. Ду голи дигари испаниҳоро Сан Барталонэ ва Хуан Брандарис дар нимаи дувуми бозӣ ба самар расонданд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» 23 июн бо тими Қирғизистон ва 25 июн бо мунтахаби Қазоқистон рақобат хоҳад кард.

Ба гурӯҳи «В» дастаҳои Русия-2, Беларус, Озарбойҷон ва Гурҷистон шомиланд. Ғолибони гурӯҳҳо ба бозии ниҳоӣ роҳ меёбанд. Дастаҳои дигар барои ҷойҳои минбаъда талош мекунанд.

Маблағи ҷавоизи мусобиқа 20 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ғолиби мусобиқа ба ҷуз Ҷоми президенти Қазоқистон бо 10 ҳазор доллар сарфароз мегардад. Дастае, ки ҷойи дувумро мегирад, бо 6 ҳазор доллар мукофотонида мешавад. Ба дастае, ки ҷойи севумро азони худ мекунад, 4 ҳазор доллар супурда хоҳад шуд.

Ҳайати дастаҳо:

Испания: Лопес, Брандарис, Эстиварис, Роблес (Эмбола, 56), Сабартэ, Морланэс, Бускетс (Гарсия, 41), Мигелес (Лозано, 41), Миян, Мартин (Укия, 56), Агиэро (Сан Барталонэ, 41, Бернаола, 67).

Тоҷикистон: Далер Азизов (Сироҷиддин Ҳусейнов, 75), Зиёвуддин Фузайлов, Султоншо Мирзоев, Ҳусейн Нурматов (Маҳмадзарифи Абдураҳим, 64), Ваҳдат Ханонов (Аваз Камчинов, 59), Фаридун Неъматов (Искандар Солиев, 64), Саидмухтор Азимов (Аслам Камолов, 59), Шервонӣ Мабатшаев (Амир Иброҳимов, 41), Исломиддин Ғоибов (Шамсулло Ҷӯраев, 75), Рамз Амрохонов, Мубинҷон Муъминов.

22 июн. Остона. Варзишгоҳи «Остона-Арена». 200 тамошобин.

Мусобиқаи 8-уми байналмилалии наврасон баро Ҷоми президенти Қазоқистон

Гурӯҳи «А»: Қазоқистон, Испания, Тоҷикистон, Қирғизистон.

Гурӯҳи «В»: Русия-2, Беларус, Озарбойҷон, Гурҷистон.

Тақвими бозиҳо

Даври 1-ум

22 июн (душанбе)

Беларус – Озарбойҷон – 1-3

Русия-2 – Гурҷистон – 0-2

Испания – Тоҷикистон – 3-0

18.00 – Қазоқистон – Қирғизистон

Даври 2-юм

23 июн (сешанбе)

9.00 – Беларус – Гурҷистон

12.00 – Русия-2 – Озаройҷон

15.00Тоҷикистон – Қирғизистон

18.00 – Қазоқистон – Испания

Даври 3-юм

25 июн (панҷшанбе)

9.00 – Гурҷистон – Озарбойҷон

12.00 – Русия-2 – Беларус

15.00 – Испания – Қирғизистон

18.00 – Қазоқистон – Тоҷикистон

Бозиҳои ниҳоӣ

26 июн (ҷумъа)

9.00 – Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум

11.00 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум

13.00 – Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум

18.00 – Бозии ниҳоӣ

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG