Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозии севумаш дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 дар гурӯҳи «В» миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола тими Молдивро бо ҳисоби 5:0 мағлуб кард.
Ин бозии даври чаҳоруми мусобиқоти гурӯҳи “В” шоми душанбеи 6-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор ба поён расид. Ду голи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро Шервонӣ Мабатшоев ба самар расонид. Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев ва Шаҳром Самиев якголӣ заданд.
Бозиҳои даври охирини мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 дар гурӯҳи “В” рӯзи 8-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир хоҳанд шуд. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо Узбакистон вориди рақобат мешавад.
Дар бозии дигари мусобиқоти гурӯҳи “В” 6-уми ноябр дар ин варзишгоҳ мунтахаби Узбакистон бар тими Бангладеш бо ҳисоби 1:0 пирӯзӣ ба даст овард. Голи ягонаро Муҳаммад Атикуззамон, ҳимоятгари мунтахаби Бангладеш, дар дақиқаи 90+4 ба дарвозаи дастааш зад.
Ба ин тартиб, пеш аз даври охирини мусобиқот мунтахаби ҷавонони Узбакистон, ки дар ҳарсе бозиаш ғолиб шудааст, бо 9 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “В” пешсаф мебошад. Дастаи Тоҷикистон бо 7 имтиёз дар ҷойи дувум ва тими Бангладеш бо 4 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд. Дастаҳои Молдив ва Шри-Ланка бо якимтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои чаҳоруму панҷум ҷойгир шудаанд.
Бозиҳои даври охирини мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 дар гурӯҳи “В” рӯзи 8-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир хоҳанд шуд. Нахуст дастаҳои мунтахаби ҷавонони Шри-Ланка ва Бангладеш соати 14:00 рақобат мекунанд. Баъдан мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва дастаи Узбакистон соати 17:00 вориди рақобат мешаванд.
Бар асоси дастури мусобиқот ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола, ки соли оянда дар Малайзия барпо мегардад, ғолибони 10 гурӯҳи интихобӣ ва 5 дастае, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дувумро мегиранд, аз рӯи нишондодҳои беҳтарин роҳ меёбанд.
Мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола
Гурӯҳи “В”. Даври 4-ум
Тоҷикистон – Молдив – 5:0
Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 41 (1:0). Эҳсони Панҷшанбе, 45+1 (2:0). Шериддин Бобоев, 73 (3:0). Шервонӣ Мабатшоев, 80 (4:0). Шаҳром Самиев, 88 (5:0).
Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Ваҳдат Ханонов, Султоншоҳ Мирзоев, Манучеҳр Сафаров, Шервонӣ Мабатшоев, Саидмухтор Азимов (Абдулмуъмон Забиров, 80), Шарафҷон Солеҳов (Шериддин Бобоев, 46), Сорбон Авғонов (Умарҷон Шарифов, 55), Эҳсони Панҷшанбе (капитан), Ҳувайдо Малиев, Шаҳром Самиев.
Беҳтарин бозигари дидор : Эҳсони Панҷшанбе (Тоҷикистон).
Сардовар: Дмитрий Машентсев (Қирғизистон).
Комиссари бозӣ: Алӣ Ҷебрил (Фаластин).
6 ноябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ, 350 тамошогар.
Бангладеш –– Узбакистон - 0:1
Гол: Муҳаммад Атикуззамон, 90+4 – ба дарвозаи худ.
Беҳтарин бозигари дидор: Ислом Кенҷабоев (Узбакистон).
Сардовар: Умар Иброҳим Ҳасан Маҳфуд (Баҳрайн).
Комиссари бозӣ: Санҷай Кумар (Ҳиндустон).
6 ноябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ, 100 тамошогар.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқоти гурӯҳи “В”
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Узбакистон |
3 |
3 |
0 |
0 |
17-0 |
9 |
2 |
Тоҷикистон |
3 |
2 |
1 |
0 |
11-0 |
7 |
3 |
Бангладеш |
3 |
1 |
1 |
1 |
1-1 |
4 |
4 |
Молдив |
4 |
0 |
1 |
3 |
2-14 |
1 |
5 |
Шри-Ланка |
3 |
0 |
1 |
2 |
2-18 |
1 |
Бозиҳои боқимондаи гурӯҳи «В»
Даври 5-ум
8 ноябр (чоршанбе)
14:00 – Шри-Ланка – Бангладеш. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
17:00 – Узбакистон – Тоҷикистон. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ