Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат: "Фаъолияти театри Маяковский дар ҷои нав идома меёбад"


Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба матлаби Радиои Озодӣ бо номи "Нома ба президент Эмомалӣ Раҳмон" вокуниш нишон дод.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон рӯзи 23-юми апрел ба матлаби Радиои Озодӣ бо номи "Нома ба президент Эмомалӣ Раҳмон" вокуниш нишон дод.

Радиои Озодӣ рӯзи 22 -юми апрел дар торнамои худ матлаберо ба нашр расонд, ки дар он кормандони театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковскийи шаҳри Душанбе дар як номаи саркушода аз президент Эмомалӣ Раҳмон хостанд, то ба қазияи ин театр дахолат кунад. Бинои театри Маяковский, тибқи нақшаи бозсозии маркази пойтахти Тоҷикистон, бояд тахриб шавад.

Ҳунарпешаҳои театри Маяковский дар номаашон ба раисиҷумҳур бо таъкид ба нақши бинои театр дар таърихи фарҳангии кишвар ва дастовардҳои театр дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ хостаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон фарҳангу ҳунари русиро дар Тоҷикистон аз нобудшавӣ нигоҳ бидорад.

Нома ба президент Эмомалӣ Раҳмон

ҶАВОБИ ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ

Фаъолияти минбаъдаи Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский:

Тибқи нақшаи бозсозии маркази пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи умумии рушди Душанбе, тахриби даҳҳо бинои сохти замони Шӯравӣ дар маркази шаҳр, бунёди иморатҳои муосир пешбинӣ шудааст.

Пойтахти кишвар рӯз ба рӯз симояшро тағйир дода, дар он биноҳои муосир қад меафзоянд ва ба ҳусни табиии он ҳусни тоза зам мекунанд. Дар баробари ин бисёре аз иншоотҳои кӯҳна, ки ба меъмории имрӯза комилан мувофиқ нестанд, аз байн бардошта мешавад. Тибқи лоиҳаи генералӣ дар маркази шаҳр бунёди биноҳои маъмурии муосир пешбинӣ гардидааст. Дар ин раванд зарурати кӯчонидани бинои Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский низ ба миён омадааст.

Ин бинои якошёна дорои танҳо 300 ҷой мебошад ва барои театри замонавӣ мувофиқ набуда, минбаъд он ба бинои кинотеатри «Тоҷикистон», ки дорои 500 ҷои нишаст аст, кӯчонида мешавад ва фаъолияташро идома мебахшад.

Доир ба фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати фаъолияти муназзами ҳайати эҷодӣ ташкилотҳои дахлдор супоришҳои мушаххас гирифтанд ва дар муҳлати кутоҳтарин чораҷӯӣ карда мешаванд. Дар ин замина вобаста ба тақозои фаъолияти театр корҳои мутобиқатсозӣ, насби таҷҳизоти техникӣ дар саҳна ва толор, ҷобаҷогузории декоратсия, таъмиру тармими утоқҳои корӣ аллакай оғоз гардид.

Бинобар ин хабарҳое, ки дар баъзе сомонаҳо интишор гардидаанд, ягон асосӣ воқеӣ надошта, фаъолияти театри русӣ дар пойтахти кишвар дар ҷои нав идома меёбад.

XS
SM
MD
LG