Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Насиҳат-2" ба Кабирӣ - "Биёед, дар якҷоягӣ ватанро обод кунем."


Cафар Кабиров.
Cафар Кабиров.

Сафар Кабиров, бародари Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар як навор, ки дар Ютуб пайдо шудааст, аз бародараш даъват кардааст, ки "дар ҳар гуна дасисаҳо ҳамроҳ нашавад."

Дар пайи нашри як навори видеоӣ дар интернет, ки Тило Кабиров, падари раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ фарзандаш Муҳиддин Кабириро “насиҳат” мекард, ҳоло навори “насиҳат”-и Сафар Кабиров ба бародараш дар Ютуб пайдо шудааст.

Дар як навори 32-сонияӣ, ки дар Ютуб аз номи Azrab Atahojaev нашр шудааст, Сафар Кабиров, бародари 54-солаи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнӯи наҳзати исломӣ хитоб ба бародараш мегӯяд, ки эҳтиёт кунанд, то бархе аз гурӯҳҳо дар берун онҳоро ба манфиати худ истифода набаранд: “Эҳтиёт бошед, дар ҳаргуна гурӯҳҳо, дасисаҳо қатӣ нашавед.”

Cипас Сафар Кабиров ба нооромиҳо дар Сурия ишора мекунад, ки рӯзона мардум гуреза ва аз хонаву кошонаи худ маҳрум мешаванд. Ӯ дар ин робита ба бародараш мегӯяд, ки “Худое нахоста, агар ягон коре шавад, Худованд ҳеҷ кадомамонро намебахшад”

Вай дар поёни ин навор аз бародараш Муҳиддин Кабирӣ хоҳиш мекунад, ки “биёед, дар якҷоягӣ, Ватанро обод кунем.”

Ин навор дар ҳоле дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешавад, ки қаблан дар Интернет навори видеоие нашр шуда буд, ки дар он Тило Кабиров, падари раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ фарзандаш Муҳиддин Кабириро “насиҳат” мекард, ки "барои ободии Ватан бикӯшад".

Тасдиқи воқеъияти ин наворҳо ва кайу дар куҷо ва дар кадом шароит сабт шуданаш хеле мушкил аст, вале видеои “насиҳатҳо”-и падар ва бародари Кабирӣ ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз даъвати Тило Кабиров ва чанд тани дигар аз хешовандони наздики Муҳиддин Кабирӣ ба мақомот нашр шуд.

Наздикони Кабирӣ қаблан хабар доданд, ки мақомоти интизомии ноҳияи Файзобод субҳи 15 декабр падари 95-солаи ӯ Тилло Кабиров, бародараш Сафар Кабирови 54-сола, хоҳари калонияш Саида Кабироваи 60-сола, аммааш Лаълхонум Кабироваи 70-сола, ҳамсари бародараш Дилором Кабироваи 40-сола, язнааш Исматулло Нарзуллоеви 74-сола ва хоҳарзодааш Додулло Нарзуллоевро низ барои бозпурсӣ бурдаанд. Тавре наздикони Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, мақомоти интизомӣ онҳоро аз деҳаи Қасамдара ба маркази ноҳия бурдаанд ва ҷараёни сӯҳбати мақомоти интизомӣ бо пайвандони онҳо сабти видеоӣ шудааст.

Аммо мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, наздикони Кабирӣ боздоштё бозпурсӣ нашудаанд, балки кормандони ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Файзобод аз онҳо хостаанд, то ки фарзандонашро, ки дар хориҷ ба фаъолиятҳои сиёсӣ идома медиҳад, насиҳат кунанд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси 51-солаи ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон моҳи марти соли ҷорӣ дар пайи аз ҳарду курсияш дар парлумон маҳрум гардидани ҳизбаш Тоҷикистонро тарк кард ва бино ба хабарҳои дарёфтӣ, ҳоло дар яке аз кишварҳои Аврупо ба сар мебарад.

Мақомоти Душанбе дар моҳи сентябр ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Муҳиддин Кабириро ба даст доштан дар ошӯби мусаллаҳонаи муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода муттаҳам карданд ва Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 29 сентябр ҳизби наҳзатро созмони террористӣ эълон карда, фаъолияташро дар кишвар манъ кард.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ даст доштанаш дар ошӯби Назарзодаро рад карда, гуфтааст, ки ин ошӯб танҳо баҳонае барои бастани ҳизби наҳзат ва таъқиби раҳбарону фаъолони ин ҳизби мухолиф шудааст.

XS
SM
MD
LG