Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар феҳристи ҷаҳонии футзал - дар ҷойи 54-ум


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи нави ҷаҳонӣ 7 зина боло шуд ва дар ҷойи 54-ум қарор дорад.

Тоҷикистон дар байни тимҳои мунтахаби кишварҳои собиқи шӯравӣ дар ҷойи 10-ум буда, аз Литва, Молдова, Туркманистон, Арманистон ва Эстония пеш аст.

Мавқеи дастаҳои мунтахаби кишварҳои Ҷомеаи Муштаракулманофеъ ва Балтик дар феҳристи ҷаҳонӣ: 4. Русия. 8. Украина. 13. Озарбойҷон. 20. Узбакистон. 29. Беларус. 32. Қазоқистон. 44. Қирғизистон. 52. Гурҷистон. 53. Латвия. 54. Тоҷикистон. 68. Литва. 69. Молдова. 71. Туркманистон. 79. Арманистон. 104. Эстония.

Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби Осиё дар зинаи 11-ум ҷойгир шудааст. Дар байни дастаҳои мунтахаби Осиё тими миллии Эрон пешқадам аст. Баъдан тимҳои Ҷопон, Тайланд, Узбакистон, Австралия, Чин, Кувайт, Қирғизистон, Вйетнам ва Лубнон қарор доранд.

Дар феҳристи ҷаҳонӣ, ки он дар сомонаи интернетии Созмони байналмилалии футзал нашр шудааст, мунтахаби Испания дар ҷойи аввал, Бразилия дар ҷойи дувум ва Италия дар ҷойи севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Русия, Португалия, Эрон, Аргентина, Украина, Парагвай ва Ҷопон дохиланд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли гузашта дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон (сармураббиаш Дамир Камолиддинов) дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2014 дар шаҳри Тошканд се бозӣ анҷом дод. Мунтахаби Тоҷикистон нахуст бар тими Қирғизистон бо ҳисоби бузурги 8-4 пирӯз шуд. Вале футболбозони тоҷик дар бозии дувумашон аз тими мизбон - Узбакистон бо ҳисоби 4-5 мағлуб гаштанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии охиринаш бар тими Туркманистон бо ҳисоби 5-4 пирӯзӣ ба даст овард.

Ба ин тартиб, дар гурӯҳи “А” мунтахаби Узбакистон бо 9 имтиёз ғолиб шуд. Дастаи Тоҷикистон бо 6 имтиёз ҷойи дувумро касб кард. Тимҳои Қирғизистону Туркманистон бо якимтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои севуму чорум қарор гирифтанд. Аз ин гурӯҳ се даста – Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба марҳалаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2014 роҳхат гирифтанд.

Дар сабқати ниҳоии қаҳрамонии футзали Осиё -2014, ки аз 30-юми апрел то 10-уми май дар шаҳри Ҳошимини Вйетнам баргузор мешавад, ба ҷуз дастаи мизбон, тимҳои Ҷопон, Тайланд, Эрон, Узбакистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Чин, Тайван, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Индонезия, Малайзия, Лубнон, Кувайт ва Ироқ ширкат мекунанд. Бар асоси қуръакашӣ, ки дертар барпо мегардад, 16 даста ба 4 гурӯҳ тақсим мешаванд.
XS
SM
MD
LG