Тоҷикистон дар раддабандии FIFA (Федератсиони байналмилалии футбол), ки 16-уми октябр нашр шудааст, ҳабдаҳ зина боло рафт ва дар байни 211 кишвар бо 255 имтиёз дар ҷойгоҳи 123-юм қарор гирифтааст.
Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё се зина боло шуд ва мақоми 22-юмро касб кардааст. Дар Осиё Эрон дар мақоми аввал, дар ҷаҳон бо 784 имтиёз дар зинаи 25-ум қарор дорад. Австралия дувум (дар ҷаҳон 43-юм, 714 имтиёз) ва Ҷопон севум (дар ҷаҳон 44-ум, 711 имтиёз) мебошанд.
Олмон дар феҳристи нави ФИФА бо 1631 имтиёз ҷойи аввал, Бразилия бо 1590 имтиёз ҷойи дувум ва Португалия бо 1446 имтиёз ҷойи севумро касб кардаанд.
Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар раддабандии FIFA Украина (30-юм), Русия (65-ум) ва Узбакистон (76-ум) ба даст овардаанд. Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз Латвия (129-ум), Қазоқистон (133-юм), Литва (145-ум) ва Молдова (167-ум) пеш аст. Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбакистон (76-ум), Туркманистон (114-ум) ва Қирғизистон (120-ум) ҷойгир шудааст.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии навбатиашро дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» 14-уми ноябр дар майдони худ муқобили мунтахаби Яман, ки дар феҳристи FIFA бо 297 имтиёз дар мақоми 112-ум қарор дорад, анҷом медиҳад.
Рейтинги FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи FIFA ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад. Феҳристи ояндаи FIFA 23-юми ноябр нашр мешавад.