Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ФФТ аз кӣ мешавад: “Истиқлол” ё “Регар”?


Дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар бозии ниҳоӣ барои Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон мубориза мебаранд.

“Регар-ТадАЗ” дар бозии ниманиҳоӣ, ки 22 феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, бар дастаи лигаи аввал - «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 2:1 пирӯзӣ ба даст овард. Голҳои «Регар»-ро Дилшод Бозоров ва Шерзод Муҳаммадиев ба самар расонданд. Голи “Кӯктош”-ро Адҳам Абдуллоев зад.

Ҳамакнун дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ-2017 «Регар-ТадАЗ» бо «Истиқлол», ки бидуни рақобат ба финал баромад, рӯбарӯ хоҳад шуд. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар даври ниманиҳоӣ «Истиқлол» бояд бо «Равшан» рақобат мекард, вале дастаи шаҳри Кӯлоб ба бозӣ ҳозир нашуд. Бар асоси дастури мусобиқа «Равшан» бо натиҷаи техникии 0:3 мағлуб ҳисобида шуд.

Бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» рӯзи ҷумъаи 24 феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 17:00 шуруъ мешавад. Бояд гуфт, ки ҳарду даста солҳои мухталиф дуборӣ дар мусобиқа барои Ҷоми ФФТ ғолиб шудаанд.

Ба иллати аз мусобиқа хориҷ шудани «Равшан» дастаи «Кӯктош» дар Ҷоми ФФТ-2017 мақоми севум ва медалҳои биринҷиро азони худ кард.

Ҷоми ФФТ-2017. Бозиҳои ниманиҳоӣ

«Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ» – 1:2

Голҳо: Дилшод Бозоров, 6 (0:1). Адҳам Абдуллоев, 14 (1:1). Шерзод Муҳаммадиев, 80 (1:2).

«Кӯктош» (Рӯдакӣ): Баҳовиддин Холиқов, Аҳтам Холбоев (Эшмаэл Такӣ, 73), Принс Артур, Муҳаммад Раҳмонов, Фахриддин Сафарзода, Далер Қурбонов, Мисиам Иносент, Эҳсон Бобоев, Зокир Иброҳимов (Азизбек Султонов, 60), Собир Холматов (Аҷей Камкан, 85), Адҳам Абдуллоев.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Далер Азизов, Алишер Шарифов, Бахтиёр Қаландаров, Дороб Эргашев (Фарҳод Холбеков, 55), Фирӯз Қараев, Расул Файзов, Бахтиёр Чориев, Акбар Бобомуродов (Комрон Турсунов, 46, Азим Тошев, 86), Азиз Мансуров (Шерзод Муҳаммадиев, 46), Евгений Хотимский, Дилшод Бозоров.

Огоҳонида шуданд: Бахтиёр Чориев, Алишер Шарифов, Шерзод Муҳаммадиев («Регар-ТадАЗ»).

Аз майдон хориҷ шуд: Дилшод Бозоров («Регар-ТадАЗ»), 15

Бозигари беҳтарини дидор: Шерзод Муҳаммадиев («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Некрӯз Умаров (Қӯрғонтеппа).

Нозири бозӣ: Шавкат Аҳмадов (Душанбе).

22 феврал. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошогар.

«Истиқлол» – «Равшан» – 3:0 (натиҷаи техникӣ)

Бозии ниҳоӣ

24 феврал (ҷумъа)

Оғози бозӣсоати 17:00

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ»

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ (2012-2017):

2012 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат) – 1:0

2013 – «Хайр» (Ваҳдат) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:0

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 5:1

2016 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – ?

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG