Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"ССКА" бо "Регар" рақобат мекунад ва "Истиқлол" бо "Равшан"


Доварони бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон.
Доварони бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон.

Имрӯз, 20 сентябр, нахустин бозии даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол баргузор мешавад.

Аввалин бозии даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои ССКА «Помир» (Душанбе) -- «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) бегоҳи якшанбеи 20 сентябр баргузор мешавад.

Ба иттилои Лигаи миллии футболи Тоҷикистон, ин бозӣ имрӯз дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон соати 16:00 оғоз меёбад. Бозии ҷавобӣ бошад, рӯзи панҷшанбеи 1 октябр дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода барпо мегардад.

Бозиҳои дигари ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе) ва «Равшан» (Кӯлоб) доир хоҳанд шуд. Бозии аввал миёни ин дастаҳо рӯзи сешанбеи 22 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ва бозии ҷавобӣ рӯзи ҷумъаи 25 сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб барпо мегарданд.

Ҷоми Тоҷикистон -2015

1/2 финал. Бозиҳои аввал

20 сентябр (якшанбе)

Оғози бозӣсоати 16:00

ССКА «Помир» — «Регар-ТадАЗ»

Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).

Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон

22 сентябр (сешанбе)

Оғози бозӣ — соати 16:00

«Истиқлол» — «Равшан»

Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

1/2 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

25 сентябр (ҷумъа)

Оғози бозӣсоати15:30

«Равшан» — «Истиқлол»

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ

1 октябр (панҷшанбе)

Оғози бозӣсоати 15:30

«Регар-ТадАЗ» — ССКА «Помир»

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург»

XS
SM
MD
LG