Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар Бозиҳои V соҳилии Осиё бидуни медал


Мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои V соҳилии Осиё, ки дар шаҳри Дананги Ветнам 21-уми сентябр шуруъ шуд, то рӯзи 3-юми октябр идома меёбад.

Дар ин бозиҳо без аз чор ҳазор варзишгар аз 43 кишвари қора ширкат дорад. Ба барномаи бозиҳо 23 намуди варзиш дохил аст.

Тоҷикистонро дар ин бозиҳо ду варзишгар – Нурсултон Бозоров ва Абдуғафур Абдуллоев - дар риштаи ҷиу-ҷитсу намояндагӣ карданд, вале ҳарду аз медалҳои бозиҳо бенасиб монданд.

Абдуғафур Абдуллоев дар вазни то 85 кило дар нахустин рақобаташ бар Дортгулӣ Ҷумъаев (Туркманистон) ғолиб шуд. Баъдан Тунг Ҳоанг Манро аз Ветнам шикаст дод. Варзишгари тоҷик дар даври чорякниҳоӣ Ҳайдар Ал-Рашидро аз Урдун мағлуб кард. Вале Абдуғафур дар қувваозмоӣ барои медалҳо аз Сукнати Сунтра (Тайланд) ноком шуд.

Нурсултон Бозоров бошад, дар даври муқаддамотӣ дар вазни то 62 кило аз Гиан Тейлор Ди (Филиппин) шикаст хӯрд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии нӯҳ рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои V соҳилии Осиё дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ветнам бо касби 90 медал (32-тилло, 26-нуқра ва 32-биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст. Тайланд бо касби 68 медал (27-17-24) дар ҷойи дувум ва Чин бо касби 38 медал (10-13-15) дар ҷойи севум қарор доранд.

Ба даҳгонаи беҳтарин, инчунин Эрон (5-2-2), Урдун (4-4-5), Имороти Муттаҳидаи Араб (4-2-3), Қатар (3-0-1), Муғулистон (2-4-14), Қазоқистон (2-3-3) ва Филиппин (2-1-11) дохиланд.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 35 кишвари қора медалҳои Бозиҳои V соҳилии Осиёро ба даст овардаанд. Намояндагони 23 кишвар барандагони медалҳои тиллои ин бозиҳо гардидаанд.

Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мунтахаби Қазоқистон бо касби 8 медал (2 тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ) дар ҷойи аввал, Узбакистон бо касби 3 медал (2 тилло ва 1 нуқра) дар ҷойи дувум, Туркманистон бо касби 11 медал (1 тилло, 3 нуқра, 7 биринҷӣ) дар ҷойи севум ва Қирғизистон бо касби як медали биринҷӣ дар ҷойи чорум мебошанд. Вале дастаи Тоҷикистон медал нагирифтааст.

Ба ҳайати мунтахаби Қазоқистон дар Бозиҳои V соҳилии Осиё 32 варзишгар шомил аст, ки дар 6 намуди варзиш (тӯббозӣ дар об, шиноварӣ дар оби кушода, волейболи соҳилӣ, ҷиу-ҷитсу, самбо ва муайтай) рақобат мекунанд.

Ҳайати Узбакистон аз 26 варзишгар иборат аст, ки дар чунин намудҳо, монанди футболи соҳилӣ, кураш, муай-тай (бокси тайландӣ) ва самбо ширкат меварзанд.

Ҳайати Туркманистон 53 нафар варзишгарро ташкил медиҳад, ки дар байни онҳо намояндагони чунин намудҳо, ба мисли ҷиу-ҷитсу, бокси тайландӣ, гуштии кураш, самбо ва ду дастаи баскетбол (3х3) - мардона ва занона – ҳастанд.

Дастаи мунтахаби Қирғизистон бо шумули 11 варзишгар дар чор намуд - гуштии соҳилӣ, самбо, ҷиу-ҷитсу ва муай-тай (бокси тайландӣ) – иштирок мекунад.

Вале аз Тоҷикистон дар ин бозиҳо танҳо ду варзишгар дар риштаи ҷиу-ҷитсу ширкат дошт.

Маросими пӯшидашавии Бозиҳои V соҳилии Осиё дар шаҳри Дананги Ветнам рӯзи душанбеи 3-юми октябр баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё, ки моҳи ноябри соли 2014-ум дар ҷазираи Фукети Тайланд баргузор шуд, се медал ба даст оварданд. Дар мусобиқаи гуштии кураш Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни беш аз 90 кило бо медали тилло ва Саидҷалол Саидов дар вазни то 90 кило бо медали биринҷӣ,

инчунин Ҷомӣ Латифов дар риштаи муай-тай дар вазни то 75 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.

XS
SM
MD
LG