Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон танқиди Амрикоро беасос номид ва рад кард


Сироҷиддин Мӯҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Майк Помпео ҳамтои амрикоиаш. Ду кишвар ҳар сол зимни муколамаи сиёсӣ вазъи ҳуқуқи инсонро ҳам баррасӣ мекунанд.
Сироҷиддин Мӯҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Майк Помпео ҳамтои амрикоиаш. Ду кишвар ҳар сол зимни муколамаи сиёсӣ вазъи ҳуқуқи инсонро ҳам баррасӣ мекунанд.

Вазорати умури хориҷӣ дар як баёнияи расмии нодир, интиқоди Амрико аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро беасос номида ва онро як навъ мудохила ба умури дохилии кишвар хондааст.

Вазорат рӯзи 13-уми март бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, гузориши солонаи вазорати умури хориҷии Амрико дар бораи ҳуқуқи инсон, “сирфан дохилӣ” буда ба “сатҳи муносибатҳои дӯстона ва шарокати ду кишвар” ҷавобгӯ намебошад.

Гузашта аз ин ба гуфтаи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон “кӯшишҳои мазкур ба принсипҳои муқаррарнамудаи Оинномаи СММ, аз ҷумла эҳтиром ба соҳибихтиёрии кишварҳо ва дахолат накардан ба корҳои дохилии кишварҳои дигар мухолифат мекунанд.”

Ду рӯз пештар, вазорати умури хориҷии Амрико гузориши солонааш дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои ҷаҳонро нашр кард, ки дар он омадааст, ки ҳукумати Тоҷикистон соли 2019 низ мисли мисли солҳои пешин монеи гуногунандешии сиёсӣ шудааст. Дар гузориш Тоҷикистонро “давлати худкома” номидаанд, ки дар он “президент Эмомалӣ Раҳмон ва тарафдоронаш нуфузи сиёсӣ” доранд.

Гузориши комил ба забони англисӣ инҷост

Дар гузориш омадааст, қатлҳои ғайриқонунӣ ва худсарона дар зиндонҳо, рабудани афрод ва ба Тоҷикистон бурдани онҳо бо ҳамдастии кишварҳои хориҷӣ, истифода аз шиканҷа дар боздоштгоҳу зиндонҳо, зиндониёни сиёсӣ, бастани вебсайтҳо, маҳдуд кардани дастрасӣ ба интернет, маҳдуд кардани озодии баёну ҳуқуқи динӣ аз мавридҳои чашмгири нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон будааст. Монеагузорӣ дар роҳи фаъолиятҳои сиёсӣ, вуҷуди фасоду ришвахорӣ ва кори иҷбориву беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи аққалиятҳои ҷинсиро аз дигар мавридҳои беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи инсон дар кишвар номидаанд.

Оҳанги сиёсӣ дар гузориш?

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ин гузориш вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар воқеъбинона таҳлил нашудааст ва “он бештар оҳанги сиёсӣ дорад.” Ба қавли вазорат, муаллифони санад асосан ба манбаъҳои манфиатдор такя намуданд, ки “саҳеҳ будани маълумоти нашршударо зери шубҳа мегузорад.” Вазорат нагуфтааст, ки ин манбаъҳои манфиатдор кистанд ва айни замон изҳори нигаронӣ кардааст, ки дар санади мазкур саъю талошҳои кишвар дар роҳи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ва таъмини амният ва пойдории сулҳу субот бозтоб наёфтаанд, ҳарчанд ба гуфтаи вазорат бидуни ин ҳама таъмини риояти ҳуқуқи инсон ғайриимкон аст. “

Вазорати умури хориҷии Амрико мегӯяд, ки гузориш бар асоси маълумоти саҳеҳу санҷидашуда аз манобеи гуногун, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид омода мешавад. Аммо вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар гузориши Амрико дар бораи ҳуқуқи инсон дар соли 2019 такрори матнҳои гузоришҳои қаблӣ, маълумоти носанҷида ба мушоҳида мерасанд ва таҳиякунандагони гузориш вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварро “асосан манфӣ арзёбӣ кардаанд”.

Дигар ин ки ба қавли вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, арзёбии вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар на кори Амрико, балки ниҳодҳои байналмилалӣ ба мисли Созмони Милали Муттаҳид аст. Дар идомаи баёнияи вазорат омадааст, ки “Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аксари паймонҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсонро ба тасвиб расонида, уҳдадориҳои байналмилалии худро дар чаҳорчӯби он санадҳо мунтазам иҷро менамояд. “

Омодагӣ барои муколамаи созанда дар бораи ҳуқуқи инсон

Ба гуфтаи вазорат, Тоҷикистон “абзорҳои миллии арзёбии вазъи ҳуқуқи инсонро, ки бархе кишварҳои ҷаҳон якҷониба ва ба манзури таъсир расонидан ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварҳои дигар ҳадафмандона ба кор мебаранд, ғайри қобили қабул ва мухолиф ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мешуморад.” Аз ин сабаб ба гуфтаи вазорат, онҳо аз вазорати умури хориҷии Амрико даъват мекунанд, “аз интишори маълумоти носанҷида ва беасос, ки ба вазъи воқеии волоияти қонун ва риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон рабт надорад, худдорӣ намояд.”

Бо ин ҳама ба гуфтаи вазорат, Тоҷикистон омода аст, муколамаи ошкоро дар бораи ҳуқуқи инсонро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам Амрико идома бидиҳад. Вазорати умури хориҷии Амрико гузориши солона дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар соли 2019-ро рӯзи 11-уми март муаррифӣ кард ва дар он вазъи ҳуқуқи инсон дар бештар аз 100 кишвар арзёбӣ шудааст. Бо вуҷуди нашри ҳарсолаи ин гузориш ва аз ҷумла интиқоди вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, мақомоти алоҳида онро шарҳ дода ва интиқодҳоро рад кардаанд.

Солҳои ахир вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон на танҳо дар гузориши вазорати умури хориҷии Амрико, балки созмонҳои дигари байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ба мисли Дидбони Ҳуқуқи Башар, Авфи Байналмилал танқид мешавад. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ин гузоришҳо низ вазъи воқеии мурооти ҳуқуқи инсонро нишон намедиҳанд ва “ғаразмандона” ҳастанд.

XS
SM
MD
LG