Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М.Неъматов: "Варзиши тоҷик масъалаҳои ҳалталаби зиёд дорад"


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамасола 10-уми август дар кишвар Рӯзи варзишгарон таҷлил мегардад.

Рӯзҳои истироҳат (шанбе ва якшанбе) дар саросари кишвар бахшида ба иди касбии кормандони соҳа мусобиқот дар риштаҳои мухталиф баргузор мешавад. Ҳамчунин ҳамоиши беҳтарин варзишгарону мураббиён, кормандони соҳа ва собиқадорони варзиш дар назар аст.

Ба иттилои Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон муовини аввали президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, медали биринҷии олимпии муштзани маъруф Мавзуна Чориева дар Лондон бузургтарин дастоварди варзиши тоҷик дар тӯли як соли ахир, яъне аз иди гузашта то иди имсолаи варзишгарон мебошад.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои IV осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки аз 29-уми июн то 6-уми июли соли равон дар Куриёи Ҷанубӣ баргузор шуд, 4 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ) ба даст оварданд. Моҳи июл бошад, варзишгарони тоҷик дар Универсиадаи 27-уми ҷаҳонии тобистона, ки дар Қазони Русия 12 рӯз идома кард, ширкат доштанд. Мунтахаби Тоҷикистон, ки барои аввалин бор дар Универсиадаи ҷаҳонӣ бо ҳайати бузург, минҷумла 45 варзишгар, дар 9 риштаи варзиш иштирок намуд, соҳиби 5 медал (2 нуқра ва 3 биринҷӣ) гардид. Тоҷикистон дар байни 70 кишваре, ки соҳибони медалҳо шуданд, дар мақоми 44-ум қарор гирифт.

Маликшо Неъматов.
Маликшо Неъматов.
Ба гуфтаи раҳбари соҳаи варзиши кишвар тибқи дастуру супоришҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқоташ бо варзишгарону кормандони соҳа 20-уми декабри соли 2010 баён гардидаанд, инчунин, Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011-2015 маблағгузории соҳа 2 баробар афзун шуд. Дар доираи татбиқи барномаи мазкур ва ҳамчунин бо ташаббуси вазорату идораҳои давлатӣ ва соҳибкорони фаъоли кишвар дар ду соли ахир дар ҷумҳурӣ бо харҷи 250 миллион сомонӣ 2500 иншооти варзишӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Танҳо бо маблағгузории Мудирияти сохтмони иншооти ҳукуматӣ дар якчанд шаҳру навоҳиии кишвар варзишгоҳҳои бузург дар ҳоли сохтмон қарор доранд, ки 5-тоаш дар соли 2013 ба истифода дода хоҳанд шуд. Ҳамчунин лоиҳаи варзишгоҳи бузург, ки ғунҷоишаш 50 ҳазор тамошогар аст, таҳия шуда, барои сохтмони он дар шаҳри Душанбе қитъаи замин ҷудо гаштааст.

Вале ба андешаи Маликшо Неъматов дар баробари пешравиҳо дар варзиши тоҷик ҳанӯз камбудиву масоили ҳалталаб зиёданд. Вай мегӯяд, “ин пеш аз ҳама ба маблағгузории соҳа бастагӣ дорад. Бояд гуфт, ки барои тайёр кардани як варзишгар ва аз ӯ умедвор шудани натиҷаҳои баланд дар мусобиқоти ҷаҳониву Бозиҳои олимпӣ дар як сол камаш 200 ҳазор доллари амрикоӣ зарур аст. Бинобар ин бо як буҷаи давлат пеш бурдани варзиши касбӣ душвор мебошад. Мо имрӯз талош дорем, ки барои ҳалли ин масъала сарпарастонро ҷалб созем.”

Маликшо Неъматов варзишгарони кишварро бо идашон табрик гуфта, барояшон саодати зиндагӣ, саломатӣ, хушбахтӣ ва ба хотири густариши шӯҳрату обрӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол фатҳи қуллаҳои нав ба нави варзиширо таманно кард.
XS
SM
MD
LG