Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон Узбакистонро шикаст дод ва ба қаҳрамонии Осиё роҳ ёфт


Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев, ки дар бозии охиринаш дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 дар гурӯҳи «В» миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола тими Узбакистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, ғолиби гурӯҳ шуд ва ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфт.

Ин бозии даври охирини мусобиқоти гурӯҳи “В” шоми чоршанбеи 8-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор ба поён расид. Голи ягонаро пас аз ҳуҷуми футболбозони тоҷик Дилшод Саитов, бозигари мунтахаби Узбакистон, дар дақиқаи 53-юм ба дарвозаи дастааш зад.

Бар асоси дастури мусобиқот ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола, ки соли оянда дар Малайзия барпо мегардад, ғолибони 10 гурӯҳи интихобӣ ва 5 дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум роҳ ёфтанд.

Дар бозии дигари мусобиқоти гурӯҳи “В”, ки 8-уми ноябр дар ин варзишгоҳ баргузор шуд, мунтахаби Бангладеш бар тими Шри-Ланка бо ҳисоби 4:0 пирӯзӣ ба даст овард. Ҳар чор гол дар нимаи аввали дидор зада шуд. Ду голро Маҳбуб Раҳмон ба самар расонид. Ғош Бишванат ва Риёдул Ҳасан якголӣ заданд.

Ба ин тартиб, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо 10 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “В” мақоми аввалро касб кард ва ба марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё-2018 роҳ ёфт.

Дастаи Узбакистон бо 9 имтиёз дар ҷойи дувум қарор гирифт. Тими Бангладеш бо 7 имтиёз ҷойи севумро азони худ кард. Дастаҳои Молдив ва Шри-Ланка бо якимтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои чаҳоруму панҷум ҷойгир шуданд.

Бар асоси дастури мусобиқот ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола, ки соли оянда дар Индонезия барпо мегардад, ғолибони 10 гурӯҳи интихобӣ ва 5 дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум роҳ ёфтанд.

Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола

Сабқати интихобӣ

Гурӯҳи «В». Даври 5-ум

Узбакистон – Тоҷикистон 0:1

Гол: Дилшод Саитов, 53 – ба дарвозаи худ.

Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Ҳусейн Нурматов, Ваҳдат Ханонов, Маҳмадзарифи Абдураҳим (Султоншо Мирзоев, 90+1), Оятулло Сафаров, Шервонӣ Мабатшоев, Саидмухтор Азимов, Далер Ёдгоров (Шарафҷон Солеҳов, 90+3), Шериддин Бобоев, Эҳсони Панҷшанбе, Аҳтамҷон Абдуллоев (Шаҳром Самиев, 73).

Беҳтарин бозигари дидор: Эҳсони Панҷшанбе (Тоҷикистон).

Сардовар: Умар Иброҳим Ҳасан Маҳфуд (Баҳрайн).

Комиссари бозӣ: Санҷай Кумар (Ҳиндустон).

8 ноябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 3500 тамошогар.

Шри-Ланка – Бангладеш – 0:4

Голҳо: Ғош Бишванат, 13 (0:1). Риёдул Ҳасан, 33 (0:2). Маҳбуб Раҳмон, 38 (0:3). Маҳбуб Раҳмон, 45+1 (0:4).

Сардовар: Дмитрий Машентсев (Қирғизистон).

Комиссари бозӣ: Алӣ Ҷебрил (Фаластин).

8 ноябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 50 тамошогар.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тоҷикистон

4

3

1

0

12-0

10

2

Узбакистон

4

3

0

1

17-1

9

3

Бангладеш

4

2

1

1

5-1

7

4

Молдив

4

0

1

3

2-14

1

5

Шри-Ланка

4

0

1

3

2-22

1

Ба ҷуз мунтахаби Тоҷикистон, ки ғолиби гурӯҳи «В» шуд, ба марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё-2018 боз ғолибони 9 гурӯҳи дигар роҳ ёфтанд: Имороти Муттаҳидаи Араб (гурӯҳи «A»), Қатар (гурӯҳи «С»), Арабистони Саудӣ (гурӯҳи «D»), Урдун (гурӯҳи «E»), Кореяи Ҷанубӣ (гурӯҳи «F»), Чин (гурӯҳи «G»), Ветнам (гурӯҳи «Н»), Ҷопон (гурӯҳи «I») ва Австралия (гурӯҳи «J»).

Инчунин аз байни дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳи дувумро касб карданд, аз рӯи нишондодҳои беҳтарин панҷ дастаи мунтахаб – Ироқ (гурӯҳи «С»), Тайланд (гурӯҳи «I»), Кореяи Шимолӣ (гурӯҳи «J»), Тайбэйи Чин (гурӯҳи «Н») ва Малайзия (гурӯҳи «F») – ба марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё-2018 роҳхат гирифтанд.

Бояд гуфт, ки аз байни кишварҳое, ки ба Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) шомиланд, ба марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё-2018, ки аз 18-уми октябр то 4-уми ноябри соли оянда дар Индонезия баргузор мешавад, танҳо мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон роҳ ёфтааст.

Ҳамаи ширкаткунандагони мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола: Индонезия, Имороти Муттаҳидаи Араб, Тоҷикистон, Қатар, Арабистони Саудӣ, Урдун, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Ветнам, Ҷопон, Австралия, Ироқ, Тайланд, Кореяи Шимолӣ, Тайбэйи Чин ва Малайзия.

XS
SM
MD
LG