Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо Узбакистон дар Тошканд


Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Тошканд бо тими миллии Узбакистон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки рӯзи чоршанбеи 26 январ ба Тошканд расид, дар пойтахти Узбакистон бо тими миллии ин кишвар ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Бозии аввал имрӯз, 27 январ, бозии дувум 28 январ баргузор мешавад.

Бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои Узбакистону Тоҷикистон барои тимҳои миллии ҳарду кишвар як давраи омодагӣ ба мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2016, ки аз 10 то 21 феврал дар Тошканд барпо мегардад, маҳсуб меёбанд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” бо дастаҳои Тайланд, Ветнам ва Тайван рақобат мекунад. Нахустин бозии мунтахаби Тоҷикистон 11 феврал муқобили тими Тайланд шурӯъ мешавад. Рӯзи 13 феврал футболбозони тоҷик бо мунтахаби Ветнам ва дар даври ниҳоии гурӯҳӣ 15 феврал бо дастаи Тайван бозӣ хоҳанд кард. Ҳамаи бозиҳо бо ширкати мунтахаби Тоҷикистон дар маҷмааи варзишии «Универсал»-и Тошканд баргузор мешаванд.

Бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудаанд. Ҳар як гурӯҳ аз чаҳор даста иборат аст. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ меёбанд. Дар мавриди ба даври чорякфинал баромадан рақиби мунтахаби Тоҷикистон аз гурӯҳи «D» мешавад, ки ба он дастаҳои Австралия, Малайзия, Қатар ва Ҷопон дохиланд.

Бояд гуфт, ки панҷ дастаи беҳтарини қаҳрамонии Осиё дар Узбакистон соҳибони роҳхатҳо барои ширкат дар қисми ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2016 оид ба футзал мегарданд, ки аз 10 сентябр то 2 октябр дар Колумбия баргузор хоҳад шуд.

Ҳусейн Шодиев, сармураббии мунтахаби футзали Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мо аз он хушҳолем, ки соли гузашта дар сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё дар минтақаи Марказӣ, ки барои аввалин бор дар кишвари мо доир шуд, муваффақона бозӣ карда, ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат гирифтем. Вазифаи аввалиндараҷаи мо дар Тошканд дар сабқати гурӯҳӣ бомаваффақият бозӣ карда, ба даври баъдӣ роҳхат гирифтан аст.”

Ҳайати мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2016:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («ДИСИ Инвест»), Муродулло Алиқулов («Газпром»), Фирӯз Юсуфзода («Соро компания»);

Бозигарон дар майдон: Мансур Мамедбобоев («Бонки миллӣ»), Некрӯз Алимаҳмадов, Файзалӣ Сардоров (ҳарду – ТКБ «Лизинг»), Арсен Фармонбеков, Собирҷон Гуляков, Шавкат Ҳалимов, Муҳаммад Раҳмонов, Раҳмоналӣ Шарифов (ҳма – «ДИСИ Инвест»), Дилшод Саломов, Меҳрубони Тиллозода (ҳарду – «Газпром»), Акбарҷон Ортиқов («Соро компания»).

Тақвими бозиҳои қаҳрамонии Осиё-2016 оид ба футзал

Гурӯҳи «А»: Арабистони Саудӣ, Қирғизистон, Лубнон, Узбакистон.

Гурӯҳи «В»: Ироқ, Урдун, Чин, Эрон.

Гурӯҳи «С»: Ветнам, Тайван, Тайланд, Тоҷикистон.

Гурӯҳи «D»: Австралия, Қатар, Малайзия, Ҷопон.

Бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ

10 феврал (чоршанбе)

16:00 – Ироқ – Чин

16:00 – Лубнон – Қирғизистон

19:00 – Урдун – Эрон

19:00 – Узбакистон – Арабистони Саудӣ

11 феврал (панҷшанбе)

16:30 – Тайланд – Тоҷикистон

16:30 – Ҷопон – Қатар

19:00 – Ветнам – Тайван

19:00 – Австралия – Малайзия

12 феврал (ҷумъа)

16:30 – Чин – Эрон

16:30 – Арабистони Саудӣ – Лубнон

19:00 – Урдун – Ироқ

19:00 – Қирғизистон – Узбакистон

13 феврал (шанбе)

16:30 – Тайван – Тайланд

16:30 – Малайзия – Ҷопон

19:00Тоҷикистон – Ветнам

19:00 – Қатар – Австралия

14 феврал (якшанбе)

16:30 – Эрон – Ироқ

16:30 – Чин – Урдун

19:00 – Узбакистон – Лубнон

19:00 – Қирғизистон – Арабистони Саудӣ

15 феврал (душанбе)

16:30 – Ҷопон – Австралия

16:30 – Малайзия – Қатар

19:00 – Тайланд – Ветнам

19:00 – Тайван – Тоҷикистон

Бозиҳои чорякниҳоӣ

17 феврал (чоршанбе)

16:00 – 1 «А» — 2 «В»

16:00 – 1 «С» — 2 «D»

19:00 – 1 «В» — 2 «А»

19:00 – 1 «D» — 2 «С»

Плей-офф барои ҷойи 5-ум

18 феврал (панҷшанбе)

16:00 – Мағлубшудаи 1 «А»/2 «В» — Мағлубшудаи 1 «С»/2 «D»

16:00 – Мағлубшудаи 1 «В»/2 «А» — Мағлубшудаи 1 «D»/2 «С»

19 феврал (ҷумъа)

Бозӣ барои ҷойи 5-ум

16:00 – Ғолиби 1 «А»-2 «В»/1 «С»-2 «D» — Ғолиби 1 «В»-2 «А»/1 «D»-2 «С»

Бозиҳои ниманиҳоӣ

16:00 – Ғолиби 1 «А»/2 «В» — 1 «С»/2 «D»

19:00 – Ғолиби 1 «В»/2 «А» — 1 «D»/2 «С»

21 феврал (якшанбе)

16:00 – Бозӣ барои ҷойи севум

19:00 – Бозии ниҳоӣ

XS
SM
MD
LG